Рӯйдодҳо

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда 22-юми феврали соли 2025, тахминан соати 17:20-дақиқа, ҳангоми дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии амакаш марди 49-солаи сокини шаҳри...
18 апрел 2025, Ҷумъа

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда 16-уми апрели соли 2025, тахминан соати 06:30-дақиқа, дар манзили истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷавонзани 25-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд...
18 апрел 2025, Ҷумъа

16-уми апрели соли 2025, тахминан соати 13:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аванте», Саидов Саидислом Саидкаримович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучархаи барқии тамғаи «Скутер» таҳти...
17 апрел 2025, Панҷшанбе

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби колрмандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» амал намуда, тахминан муддати як сол ғайриқонунӣ ба мубодила бо асъори хориҷӣ машғул гардидааст. Инчунин ҳангоми...
17 апрел 2025, Панҷшанбе

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда 15 апрели соли 2021, аз марди 61-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ тибқи шартномаи шифоҳӣ 65-сар чорвои майдаи шохдорро қабул намуда, барои нигоҳубин гирифтааст....
17 апрел 2025, Панҷшанбе

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 48-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда 10-уми июни соли 2018 ҳангоми дар кӯчаи Сомон қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини пойтахт даромада, бо ӯ шиносоӣ пайдо намуда,...
17 апрел 2025, Панҷшанбе

Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза роҳбари ҶДММ “Баҳодур Тиҷорат” марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 1-уми январи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба амборхонаи ҶДММ “Баҳодур Тиҷорат” даромада, аз онҷо маҳсулотҳои хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 324 ҳазору 400 сомониро...
17 апрел 2025, Панҷшанбе

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 46-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми апрели соли 2025, тахминан соати 17:00, писари ноболиғи 16-солаашро ҳамсинфаш ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин шаҳр бе ягон асос дар назди деҳаашон бо истифода аз ашёи халандаю бурранда як маротиба ба баданаш зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида...
17 апрел 2025, Панҷшанбе

15-уми апрели соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, таҳти идораи ронанда Ёрзода Хайёми Собир, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Сино ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат”, аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шакҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рудакӣ пиёдагард...
16 апрел 2025, Чоршанбе

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ворид гардидааст, ки тахминан моҳҳои октябр-ноябри соли 2024, "Мирзо" ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои харидорӣ намудани воситаи нақлиёт маблағи 12 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки маблағи гирифтаашро то моҳи январи соли 2025 оварда...
16 апрел 2025, Чоршанбе