Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ

Рӯзҳои 4-ум ва 5-уми ноябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Конференсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ бо иштироки Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Интерпол ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа баргузор гардид.
Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол дар конференсия иштирок намуданд. Муовини Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ дар бораи тадбирҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ибрози андеша намуд. Пешниҳод карда шуд, ки дар ояндаи наздик шабакаи минтақавии нуқтаҳои тамоси кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад ва тафтишоти муштарак васеъ ба роҳ монда  шавад. Дар идома байни иштирокчиёни конференсия табодулии афкор ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои киберӣ сурат гирифт.

05.11.2026 15:12
57