Садамаи нақлиётии марговар
4-уми ноябри соли 2026 тахминан соати 08:00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аванте» рақами қайди давлатиаш 3433 QZ/02 Мамадҷонов Ҳусниддин, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Б. Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори рости роҳ бархурдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашина Мамадҷонов Ҳусниддин ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири воситаи нақлиёт Болтаева Саломат соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.
















