Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошӣ

Шаҳрванд Давлатов Ҳамза соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷ. Румии шаҳри Бохтар ба ШВКД дар шаҳри мазкур бо ариза муроҷиат кард, ки шахсони номаълум дар дохили толори саққобозӣ воқеъ дар кӯчаи Б. Ғафурови шаҳри Бохтар ӯро мавриди латукуб карор дода, тартиботи чамиятиро дағалона вайрон намудаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкур санаи 12-уми октябри соли 2026 соатҳои 22:00 содир гардида, шаҳрвандон Мирзоқулов Ҳасан соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Бохтар ва Шаҳбози Ҷамолиддин соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи ноҳияи А. Ҷомӣ аз ҳисиёти авбошӣ Давлатов Ҳамзаро мавриди латукуб карор додаанд. Мирзоқулов Ҳасан ва Шаҳбози Ҷамолиддин тартиботи ҷамъиятиро муддати 10-15 дақиқа дағалона вайрон карда, ба ҷамъият беэҳтиромӣ зоҳир намуаанд. 
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

05.11.2026 11:11
21