Дуздӣ
Аризаи шаҳрванд Қурбонов Бахтовар истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур ворид гардид, ки санаи 4-уми ноябри соли 2026, тахминан соати 01:00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айни даромада, аз он ҷо 4000 сомониро дуздидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷиноятро шаҳрванд Исматов Сайумрон соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Нуробод, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 244, 252, 255 ва 339-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
















