Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиҳтии марговар

18-уми октябри соли 2026 тахминан соати 13:30 ронандаи автомашинаи тамғаи «Hyundai Sonata» рақами қайди давлатӣ 02-26 ВМ 03 Рустамов Баҳромҷон соли таваллудаш 1982 сокини деҳаи Оли-Сомони ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ҳвон ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиҳт набаромада дучархарони ноболиғ Қурбонов Абдуллоҷон соли таваллудаш 2016 сокини ҷамоати деҳоти Обшорон деҳаи Анористонро пахш намудааст
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст
Инчунин худи ҳамон рӯз тахминан соати 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Mercedes-Benz» рақами қайди давлатӣ 58-55 ОК 03 Саидшозода Сироятулло соли таваллудаш 2005 сокини ноҳияи Файзобод ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлол ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Фатҳободи ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиҳт набаромада ноболиғ Салимов Бобоҷон Исроилович соли таваллудаш 2015 сокини деҳаи Фатҳободро ки роҳро аз тарафи рост ба чап мегузашт пахш намудааст
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст
Аз рӯйи ҳар ду ҳодиса таҳқиқ идома дорад

19.10.2026 14:20
51