Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э ъ л о н !!!

Бо мақсади таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, арҷгузори ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, шинохти чеҳраҳои барҷастаи тамаддунофар ва омӯзиши амиқи корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ, озмун дар доираи манзумаи «Тамаддуни ориё», ки дар ҳошияи китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод шудааст, эълон карда мешавад.
Озмун бо ташаббуси Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он тамоми ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун метавонанд иштирок намоянд.
Иштирокчиёни озмун дар се гурӯҳ:
-наврасон-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 
- донишҷӯён, 
- намояндагони касбу кори гуногун 
байни ҳам рақобат менамоянд. 
Шартҳои озмун:
- донистани маълумоти мухтасари мазмуну муҳтавои китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;
- аз ёд қироат кардани манзумаи «Тамаддуни ориё», инчунин тафсир додани мазмун ва муҳтавои он.
Озмун аз таърихи 10-ум то 14-уми ноябри соли ҷорӣ дар Академияи ВКД баргузор мегардад. 
Ҷамъбасти озмун дар Академияи ВКД санаи 14-уми ноябри соли 2026, соати 9:00 ба нақша гирифта шудааст.
Ғолибон рӯзи 16-уми ноябр дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд.
Барои ғолибон мукофотҳои молиявӣ, таҷҳизотҳои муосири техникӣ ва туҳфаҳои  қимматнок пешбинӣ гардидааст.
Хоҳишмандон метавонанд тавассути телефонҳои 93-532-13-70, 93-445-09-35, 907-27-13-29, 93-573-93-93 номнавис шаванд. 

ТАМАДДУНИ ОРИЁ

Оғози сухан 
Аз нигоҳи Пешво вопас назар андӯхтем,
Даҳр дар оинаи таърих мо омӯхтем.

Ёфтем аз Ориён то маснади Сомониён,
Аз куҷо рӯйидану ҳар даврае з-ин дудмон.

Чеҳраҳои оқилу доно ба илму маърифат
Дар тамаддун саҳми худ бигзошта аз ҳар ҷиҳат.

Дар ҷаҳон дорад тамаддун ҳар диёр аз халқи хеш,
Мекунад омезиши фарҳанг дастовард беш.

Ҳастии инсон шуд оғози ҳаёт андар замин,
Чунки ӯ бо донишу идроку ақл омад яқин.

Ҳаст инсон худ вуҷуди беназири бошуур,
Ҳам тафаккур ҳам хирад аз ӯ биояд дар зуҳур.

Одамӣ шуд чун калиди розу асрори вуҷуд,
Баҳси олимҳои дину даҳр з-оғозаш фузуд.

Бингарӣ ҳар гаҳ ба таърихи тамаддун як назар,
Кашфи ирфонию илмӣ оварад баҳсе ба сар.

Қудрати инсон бувад, якумр неъмат офарад,
Ҳам ба рушду бо нумуаш тозагиҳо оварад.

Шаш ҳазора сол таърихи насаб дорем, бин,
Решааш аз Ориёну Ковиён ояд яқин.

Аз Авасто дарҳамеёбем мо таърихи хеш,
Чеҳраҳои номвар буданд гарчи беш пеш.

Буд Каёниён, Ҳахоманишиён, Кӯшониён,
Асри зар: Сосониён, Сомониён, Тоҳириён.

Гандишопур буд як донишгаҳ аз Сосониён,
Аз риёзу аз ниёзу илму фарҳанги ҷаҳон. 

Ҳикмату фарҳангу таърихи Хуросони куҳан
Дод моро раҳ ба авҷи илму фарҳангу сухан.

Буд Хуросон сарзамини бас бузурги Ориё,
Марзаш аз мағриб, ба машриқ мерасад аз Осиё.

Тоҷикон - насли асили бохтариён, суғдиён,
Ирсият мондаст аз онҳо нишон то ҷовидон.

Ориё аввалтамаддунофар аст андар ҷаҳон,
Аввалин осори хаттӣ медиҳад аз ин нишон.

Давлати аввал ҳакимон гуфтаанд эроннажод,
Шаҳрсозӣ, ҳам кишоварзӣ ҳама ориниҳод.

Ихтирои мо фузун аз Ориёнои қадим,
Бастани дарё расад ҳам об кардан мунқасим.
Ориёро асли маъно будааст озодагон,
Соҳиби фазлу асолат, аҳли фарҳанги ҷаҳон.

Форсро таърих ҳаст оғози таърихи башар,
Тоҷикон доранд нақши асли таърихӣ ба сар.

Низ расадхонаҳо аз Ориё айёми пеш,
Даври ҳар ҷирми фалак омухта бо илми хеш.

Насли Ориё пас аз обхезии кулли ҷаҳон
Аз нажоди насли Нуҳ овард дар дунё нишон.

Рудҳо - Сайҳуну Ҷайҳун аз қадим аст исмашон,
Бас қадимиянд ҳам номи маҳалҳо қисмашон.

Дон, ки ҳаммаъност ҳарфи орию тоҷик ба ҳам,
Чунки таъриху забонҳо дарҷ шуд дар ин рақам.

Тоҷикон бо тоҷикию форсию ҳам дарӣ,
Аз азал бо як забон андар мақоми бартарӣ.

Лаҳҷаҳо суғдию гелонию хатлӣ, паҳлавӣ,
Ҳар яке бо имтизоҷи тоҷикӣ гашта қавӣ.

Бар сари миллат ба мозӣ буд чандин тохтутоз,
Ин забон моро чу миллат, гуфт, солим дошт боз.

Чун забони модарӣ худ ҳаст аз миллат нишон,
Рушди миллӣ, урфу одат низ меояд аз он.

Худшиносӣ ёфт бояд аз замири бостон,
Бо ниё пайваста меёбем умри ҷовидон.

Дар ҷаҳон донанд, тоҷикҳо тамаддунофаранд,
Пояи рушди тамаддун, ҷавҳари фазлу фаранд.

Бар ҷаҳониён бувад ин сон шиносоӣ муҳим,
То ки донанд ин тамаддун ҳаст аз қавми муқим.

Тахти Ҷамшедат нишоне аз тамаддунофарӣ,
Авҷи сатҳи шаҳрдорӣ, навгарӣ, навоварӣ.

Корвон аз Роҳи Абрешим равад бар Шарқу Ғарб, 
Дар тиҷорат ҷумла пушти манфиат дар долу зарб.

Мавҷи занги корвон аз Чин расида то Хазар,
Аз билоди Форс мерафт ин ҳама зери назар.

Дар фуруши шоҳӣ, абрешим, паранду ҳам ҳарир
Ориё рушди тамаддун кард андар ин масир.

Дар катиба дарҷ гашта ин ҳама дар Қасри Шуш
Бо забони паҳлавӣ хондан-ш, ояд хуш ба гӯш.

Тахти Сангин ганҷи Окс аз сафҳаи таърихи мо,
Ганҷи гилин, зарфҳои шиша, даври Ориё.

Парчами номуси дунё шуд дирафши Ковиён,
Рамзи сарҷаъмию бо ҳам зистан андар ҷаҳон.

Шоҳиде бар авҷи рушди мо Саразми бас қадим,
Буд ганҷи сурбу мису зарри аълояш азим.
Давраи оғози давлатдории ориёӣ
Чун нахуст аз Ориё буд шоҳ Куруши Кабир,
Офарида салтанат дар рӯи дунё беназир.

Дудмонаш з-Осиё то Африқову Аврупо,
Карда танзими идорӣ бо низоми Ориё.

Аввалин Эъломия афрухт аз ҳаққи башар,
Эътирофаш карда халқи рӯйи дунё сар ба сар.

Гашт чун Зардушт пайғамбар ба дини ростин,
Ҳикмати некупарастӣ ҳаст кард андар замин.

Дини зардуштист таҳкурсии динҳои дигар, 
Саргаҳи ахлоқию ирфонии аҳли башар.

Буд аз Юнон Авасто шуҳра то Руми Қадим,
Дар пайи ислоҳи дин, яктопарастони азим. 

Буд Авасто нақш гар дар пӯст даҳ бо ду ҳазор,
Зад Сикандар оташаш, мондаст бахше дар шумор.

Рушноӣ, гуфт, ғолиб омада бар торикӣ,
Низ хубӣ бар бадӣ аз ҳар каломи тоҷикӣ.

Панди ӯ пиндору ҳам гуфтору ҳам кирдори нек,
Эътибораш дар ҷаҳон афзуд бо осори нек.

Монию Маздак биразмиданд бо зулми замон,
Зидди золимҳову гумроҳону хайли бадгумон.

Мазҳаби Монӣ биоварда тамизи неку зишт,
Ҳам зи оғоз одамиро рушноӣ шуд сиришт.

Ибрати озодихоҳон буд Маздак он замон,
Мазҳабу динаш зи аввал рағми ҳар зулму зиён.

Буда фикру зикр онҳоро тамаддунофарӣ,
Аз ҳама андешаи зишту хаёли бад барӣ.
Давраи асримиёнагӣ
Даври байни асрҳо даврони рушди тоҷикон, 
Вақти авҷи илму фарҳангу ривоҷи Ориён.

Донишу ақлу заковат - пешрафти он замон, 
Дар тамаддун нақши онҳо беш дар руи ҷаҳон.

Марвазӣ буд Борбад - ромишгаре андар ҷаҳон,
Шуҳра чун оҳангсоз аз давраи Сосониён.

"Хусравонӣ" ҳаст ҳафт оҳанги ноби Борбад,
Аз Накисо, Саркабу Саркаш ва мутриб беадад.

Хушнавозӣ кард бо "Сӣ лаҳн" сози саргаҳӣ,
"Сози Наврӯз" асту "Шабдез" асту ҳам "Сарви саҳӣ".

Созмонбахши низоми мусиқӣ, ҳам бастакор,
Шуд намоён, шуҳра дар рӯи ҷаҳон аз ин диёр.

Шуд якум Салмони Форсӣ фахри ислому салом,
Иззати оритабор афзуд илҳому калом.

Илми фиқҳ аз дониши ӯ паҳн гашт андар ҷаҳон,
Шуд ба кайҳон иззати оритаборон он замон.

Шуд Имоми поки Аъзам раҳкушо исломро,
Хуш пазируфтанд халқ ин соҳиби икромро.

Аз Имоми Аъзам ончи ёфта ислому дин
Ҳифзи лафзи модарӣ андар ибодат шуд яқин.

Саҷда кард ӯ дар ибодат бо забони модарӣ,
Дошт гарчи то ба ин дам лафзи тозӣ бартарӣ.

Буд аз аҳнофу, аз пайванди суннимазҳабон,
Шомили ҳафтод дарсад аҳли исломи ҷаҳон.

Буд таълимоти ӯ сабру таҳаммулпарварӣ,
Доштан бо адлу фазлу хулқи некӯ доварӣ.

Бошадо илме агар андар сураё гуфтаанд,
Форсҳо бар даст оварданду онро суфтаанд.

Сохт Исмоили Сомонӣ билоди устувор,
Бо Каёнисуннатӣ дар назм афзун пойдор.

Сатҳи ин давлат такомул ёфт бо исми Каён,
Гашт ибрат халқҳоро то ба ин давру замон.

Буд баробар пайравони расму дин, ҳар мазҳабе,
Рушди илму дарсҳо, барномаҳои мактабӣ.

Шоҳи одил дар ҷаҳон бурданд умре номи ӯ,
Гашта бас вирди забони халқҳо пайғоми ӯ.

Монда з-ӯ осор бас аз илму фарҳанги башар,
Қавми тоҷик аст з-он дам пойдору тоҷвар.

Ӯ тамаркуз дод девонҳои рушди давлатӣ,
Дод пайванди низоми ҳарбию ҳам қудратӣ.

Буд асоси сохтори амн девони вазир,
Балки чун девони соҳиб-ул-бариди беназир.

Нозири бозорҳо буд номи девон муҳтасиб,
Карда аз молия чун девони муставфӣ насиб.

Дар низом овард ӯ якчанд девони дигар,
Лек баҳри амни кишвар буда дар зери назар.

Ибни Ҳайёнро Бруно гуфт доҳии бузург,
Кард ӯ химияро пеш аз Пристили сутург.

Кард ин Ҳебери машриқ кашф чун симобро,
Ҳикмати сулфуру ҳам кислотаи тезобро.

Ҷобири Тӯсӣ буд он карда филизот ихтироъ,
Кимиё бо Розӣ андоза гирифта якзироъ.

Муаллим баъди Арасту дон, ки Форобӣ бишуд,
Мужда аз румию юнонию Монӣ дода худ.

Дар риёзӣ сифр аввал кашфи Хоразмӣ бишуд,
Ҳам асоси илми алгебра ҳаме монда зи худ.

Буд риёзидон ба "Алгоритм"-у "Ал-Ҷабр"-и" ҷадид,
Низ дар ахтаршиносӣ беназиру бенадид.

Ёфт Ал-Фарғонӣ ҳам арзи мадори офтоб,
Инчунин, доғи рухи хуршедро аз моҳтоб,

Рӯдакӣ чун буд нахустустоди шеъру шоирон,
Баҳри аҳли санъату фарҳанг бас ганҷи гарон.
Монд рамзи ҷовидона баҳри фарҳангу адаб,
Шуд ба хушбахтии аҳли форсигӯён сабаб.

Гашта ӯро ном Одамушшуарои замон,
Ҳамчу сардафтар ба шоирҳои хушзавқи ҷаҳон.

Ҳаст он устоди назму вазни шеъру шоирӣ,
Арзи маъниаш ҳамеша ҳуҷҷате аз моҳирӣ.

Ҳаст бо сабки Хуросон тарзи шеъри Рӯдакӣ,
Лафзу маънояш ба авҷи табъу завқаш муттакӣ.

Илми вофир Ҷобири Батонӣ дар ҳандаса дошт,
Тригонометрияро ӯ асос аввал гузошт.

Аврупоро бо риёзӣ аввал ӯ тасхир кард,
Бо китоби ҷирмҳо бар олимон таъсир кард.
Аз Батонӣ буд аввал ҷадвали астраном,
Ҳам ҳисоби ҳаҷми аҷсоми аз қиёси тухми хом.

Будааст Эмом Бухорӣ орифи ислому дин,
Чун "Саҳеҳаш" баъди Қуръон ҳаст хуҷҷат бар яқин.

Илми ӯ андар ҳадису дар маонӣ буд «Саҳеҳ»,
Монд андар ҳикмати ислом осоре фасеҳ.

Олими тиб он Закариёи Розӣ, ҳам ҳисоб
Дар пизишкӣ, кимиё бинвишта ӯ чандин китоб.

Гуфт Розӣ нест ҷои холие андар фазо,
Нури биниш нест аз чашм, аст аз ҷисми сафо.

Аввалин гуфт аз хати мизону ҳам аз вазни хос,
Ихтироаш марги муш, тезобҳо аз ин қиёс.

Аз убури сарҳади пуршавкати тибби ҷаҳон
Монда баҳри таҷриба, таҳқиқҳо аз худ нишон.  

Саҳми Берунӣ бузург омад ба таълими башар
Кашф карда дар низоми хеш кайҳони дигар.

Кашфи хоси ӯст ҳатто кӯрашаклии Замин,
Ченаки сатҳи Замини нозанин ҳам аз ҳамин.

Ихтирооташ буда машҳур андар Аврупо,
Иззаташ оранд то имрӯз олимҳо ба ҷо.

Кошифи ҷуғрофидону олими ахтаршинос
Ҳам заминпаймоиро бинҳода ӯ санги асос.

Нозими робитаҳои илми байни мардумон,
Равнақи илми табиат, одамону ҷисму ҷон.

Рушди ҷуғрофӣ, риёзӣ, ахтарон, сайёраҳо,
Илми таъриху табиат, осмон, истораҳо.

Шайх-ур-раис Буалии ибни Сино чун табиб
Дар ҷаҳон шуд эътирофу бар ҳама мардум ҳабиб.

Гашт "Ал-Қонун"-китобаш шуҳра чун Қонуни тиб,
Бурда аз он Аврупою Африқо афзун насиб.

Кашфиёти Ибни Сино гар сироятзарра ҳаст,
Ҷунбиши кавну макон оварда ин кашфаш ба даст.
Хоса се навъи ҳаракат нек тақсимот кард,
Арзию касрӣ, табиӣ арзи таълимот кард.

Гашт бар импулсу бар инертсия бунёнгузор,
Кард ҷарроҳии душвори саратон ошкор.

Файласуф ӯ буду андар илми мантиқ бохирад,
Баҳри дарки дарду дору ҳикмати ӯ дархурад.

Ҷоиза байналмилалӣ кард баҳраш Пешво,
Ҳар ки андар илми тиб шоён шавад ӯро сазо.    

Дар рубоӣ, дон, ки Хайём аст шоҳи шоирон,
Навъи шеъри тоҷикиро кард маҳбуби ҷаҳон.

Ҷовидон андар риёзиёту дар илми шумор,
Формули бином кашфи ӯст, кашфе мондагор.

Чордаҳ муодилаи сатҳи се ҳам кашфи ӯст,
Бозёби тарзи илмии вақоеъ ӯ биҷуст.

Карда тақвими дақиқе пеш аз григорянӣ,
Карда тақвими нуҷумаш илми оламро ғанӣ.

Хонда дидам, хамсаҳо, шеъру ғазалҳо беҳтарин,
Боз дидам, ҳикмату панду масалҳо беҳ зи ин.
Ҳаст маълум ирси илмии ҳамин чор арҷманд,
Чун тамаддунофарин бар чарх афканда каманд.

Дар дили Вена бувад тандис бар ин чор мард,
Созмони даҳр эшонро ҳамин сон қадр кард.
Чун Муҳаммад Нуриддин будаст киштисози Чин,
Санъати дарёнавардиро дигар кард инчунин.

Дар бузургӣ нест устоде чу Фирдавсӣ ҳаким,
Монда "Шаҳнома" аз ӯ дар васфи шоҳони қадим.

Шоҳнома номаи шоҳон бувад ҳам шоҳасар,
Тоҷикию форсӣ, дурри дарӣ, оригуҳар.

Нест ин "Шаҳнома" танҳо шаҳкитоби разму базм,
Шаҳсутун бар ин забону пояи маҳкам ба назм.

Шоҳнома баҳри шоирҳо шуда дастури назм,
Панду андарзи хирадомӯз, авҷи азму разм.

"Шоҳнома" ҳуҷҷате бар мардуми тоҷикзабон,
Мо биомӯзем таърихи Аҷам аз назми он.
Чун забони "Шоҳнома" ҳаси яксар тоҷикӣ,
Аҳли ҳар миллат намегӯяд дигар ин моли кӣ?

Дарси давлатдорию ҳам расму оинҳо зи он,
Панду ахлоқу адаб, ҳам накҳату лаҳни забон.

Мадҳ кард амну амонӣ, адлу ҳам инсофро,
Маънавиёти баланду зеҳну фаҳми софро.

Шоҳнома шоҳасар бошад, чу баҳри бекарон,
Чунки дар ҳар мисрааш розест чун ганҷе гарон.

Буд Ибни Ҳайсам азнавсози илми оптика,
Дур кард ӯ фаҳми динӣ, воқеот аз мистика.

Буд китобаш "Мабҳаси нур" инъикосоте дуруст,
Суръати рушноӣ гоҳи паҳнгардиҳо зи ӯст.

Носири Хисрав чу шоир, чун философи ҷаҳон
Дод такмил илми исломию Юнон он замон.

Боядо бишнохт олам, гуфт, бо илму хирад,
Ҳам бимонд андешаи фитрию осораш абад.

Баҳри афзоиши дониш кард дар олам сафар,
Ибрате шуд он "Сафарнома" ҳамеша бар башар.

Саъдии Шероз бо осор дар чандин забон,
Ҳикмату ахлоқ ёбӣ аз "Гулистон", "Бӯстон".

Панду ҳам андарзҳо, осори инсонпарварӣ
Бо забони тоҷикию форсӣ, лафзи дарӣ.

Боз Аттори Валӣ буд пештар аз Мавлавӣ,
Буд афзал дар қасида, дар ғазал, дар маснавӣ.

Шераку Испитамен, Темурмалик зидаҷнабӣ,
Хаста аз ӯ душманони истилои мазҳабӣ.

Гашта бас машҳури дунё Мавлавӣ бо "Маснавӣ",
Он саромад фазлро, дорои баҳре маънавӣ.

Кард ҷашни солгардаш Созмони бонуфуз,
Назму насри фалсафиаш гашта ҷовид панди рӯз.

Аз Камоли Форсӣ фарзияи зарроти нур,
Инчунин аст интишори мавҷи нур аз даври дур.

Ҳофизи Шерозӣ, устоди ғазал, ҳикматсаро,
Иффату ирфону ишқи пок дар назмаш ба ҷо.
Шеъри ӯ нобу равон, дорандаи сеҳри калом,
Муҳтавояш чандпарда, дар навои хушмақом.

Ҳаст Ҷомӣ шоири аслу забарфазли асил,
"Ҳафт авранг"-у "Баҳористон"-и ӯ марҳам ба дил.

Ҳаст осори дилангезе зи Хуҷандӣ Камол,
Дар ғазал лутфи каломи ӯст, ҳаққо,  бемисол.

Ӯ дирафшафрози шеъри халқи тоҷикориёст,
Лафзи ӯ ширину шеъраш олию пурмуҳтавост.

Нақши ӯ дар сайқали фазлу адаб бошад азим,
Хонда осори варо аҳли ҷаҳон, қавми муқим.
Ҳаст Мирзо Бедил он устоди нотакрори шеър,
Дар сиришкаш ҷост фитрат, қадри инсонию меҳр.

Сабки шеъраш пурмаонӣ, пурхирад, пурмаърифат,
Ҳикмати ирфонию дарҷи маонӣ ҳар нуқат.

Зери сар девони ӯ дар гоҳвари тифлакон,
Гашта чун мероси арзишманд дар ҳар хонадон.

Кард пайванд ӯ Хуросон бо фару фарҳанги Ҳинд,
Ҳар тариқат ҳурматаш оранд, ирфониву ринд.

Аҳли маҳфил карда Бедилхонӣ аз завқи баланд,
Кашфи асрори ҳаёт андеша орад дилписанд.

Дар маориф Аҳмади Дониш бувад бунёнгузор,
Гуфт таҳқиқи ҳама илми ҷаҳон ояд ба кор.
Чун "Наводир-ул- вақоеъ" ҳаст осори дақиқ,
Гуфт адли бехусумат оварад амни амиқ.

Зебуннисо, Робиа, Фарзона, ҳам Нодирахон
Аз мақоми модару зан гуфта шеъри ҷовидон.

Ҳамчу Афлотун, Арасту - файласуфони қадим,
Асри нав Иқболи Лоҳурист онҳоро надим.

"Сайри фалсафа дар Эрон", ҳаст таълифе наҷиб,
Донад аҳли Ориё аз ин сабаб ӯро ҳабиб.

Даврони Шуравӣ
Ҳаст Садриддини Айнӣ зинда ҳамчун Қаҳрамон,
Ҷон ба каф эҳё намуд ӯ миллати моро забон.

Шуд «Намуна» чун зи килкаш миллати моро насиб,
То шавад фарҳанг эҳё, дар ҷадал буд бо рақиб.
Баҳси ӯ аз баҳри миллат рафт гоҳи шӯравӣ, 
Дид таҳқир арчи афзун, дар маромаш буд қавӣ.

Шахси таърихии мо - Лоҳутии олинишон,
Фахри эронию тоҷик, шоири оташзабон.

Ҳаст Турсунзода Мирзои суханвар Қаҳрамон,
Дӯстии халқҳо тарғиб кард андар ҷаҳон.

Достони "Ҷони ширин" кард дилҳоро фусун,
Ҳурмати зан модаронро беш карда то кунун.

Олиму арбоби бас барҷаста Бобоҷон Ғафур,
Бо китоби "Тоҷикон" донандаш асҳоби шуур.

Кард аз таърихи миллат шоҳасар возеҳ аён,
Аз тамаддунҳои мо гаштанд огаҳ дар ҷаҳон.

Дар ривоҷи илм андар кишвари мо нақши ӯст,
То кунад таърих эҳё, махзани дунё биҷуст.
Солҳо таъқиб мекарданд орифҳоямон,
Баҳри ҳифзи номи миллат ҷаҳд кард ӯ он замон.

Кард таҳқиқ инчунин таърихи Ориёзамин,
Гуфт дар олам як оғози тамаддун ҳаст аз ин.

Чун муаррих, дар ҷаҳон бишнохташ аҳли башар,
Созмонҳои ҷаҳонӣ ёфт аз илмаш хабар.
 
Қаҳрамонон Айнӣ, Бобоҷон Ғафур бас бебадал,
Ҷон ба каф бинҳодаву биме накарда аз аҷал.

Нусратулло пури Махсум Қаҳрамон шуд номдор
Қатл кардандаш, ки шуд аз баҳри миллат ҷонсупор.

Мушти хокашро зи ғурбат Сарвар овард ин замон,
Бо Ватан пайванд кардаш Пешво то ҷовидон

Карда Шириншоҳи Шотемур хизмат бар Ватан,
Қаҳрамон унвон варо шуд дар диёри хештан.

Қуллаҳои сарбаланди Тоҷикистонаш бақо,
Баҳри миллат карда ҷони хешро сидқан фидо.

Даврони истиқлол
Чун расида мо ба нақши ибтикори Пешво,
Дар қиёс аз ҳар назар неку бувад ҳарфу ҳиҷо.

То ки гӯям ибтикору ифтихораш бехато,
Дам ба дам андар ҷаҳон иқдомҳояш ошно.

Ҷузъиёти ҷанги таҳмилӣ шикасти Шӯравӣ,
Чунки буҳронҳо фаровон шуд, набуд дигар қавӣ.

Чунки аъмоли маҳалқисматгарон буд як сабаб
В-он дигар ифротию ҳизби касифи беадаб.

Ҷанги таҳмилӣ, ки сунъӣ буду бо макри бурун,
Қавми беандешаро ангехт бар ҳам аз дарун.

Будану нобудани давлат, яқин, буд дар хатар,
Тинҷию амни Ватан вобаста буд аз ҳар нафар.

Ҷаҳди қисматсоз андар Маҷлиси Арбоб шуд,
Раҳбари давлат яке шахсияти ноёб шуд.

Гашт таъйин Сарвари Шӯрои Олӣ чун Ҷаноб,
Хурд бо покии шири модараш савганди ноб.

Қасри Арбоб аст бурҷи нақшаи ояндааш,
Сулҳу эҳёи Ватан барномаи пояндааш.

Гашта бар киштии пуртӯфони давлат Пешво
Раҳбалад дар баҳри пуртуғёни он даврони мо.

Ҳеҷ касро он замон ҷуръат набуд бар раҳбарӣ,
Халқро сарҷамъ овардан, намудан сарварӣ.

Буд Марказ дар фишори фирқаҳои бадгумон,
Шуд шуруъ Иҷлосия андар Хуҷанди бостон.

Гуфт Сарвар: то наорам охирин аҳли фирор,
Қарзи виҷдон асту дил ҳаргиз намеёбад қарор.

Шуд хитобе: " Бар шумо сулҳи абад меоварам",
Ин амал иҷро бишуд, афзун бар он лутфу карам.

Гарчи буд одам, вале буд одами бехонумон,
Зиндагонӣ буду нохуш рӯзгори мардумон.

Бас касон аз гушнагӣ сарсону саргардон буданд,
Кӯдакон овораву озурдаву нолон буданд.

Ҳукмрон буд хушксолӣ, гушнагӣ, қаҳтии сахт,
Арзану ҷав буд қути мардуми баргаштабахт.

Ҷанги таҳмилӣ рабуд ҷони ҳазорон навҷавон,
Бахти миллат буд, ки омад раҳбари нав он замон.

Хурд баҳри ваҳдати миллӣ ҳаме савганди худ,
Сулҳ ӯ оварду бар халқи ҷаҳон ибрат бишуд.

Бозгардонид аз хориҷ фирориён фузун,
То ки бар номуси миллат захм н-ояд аз забун.

Аҳли ҳиҷрат Пешво овард аз бегона марз,
Гарчи бархе буд норозӣ аз ин иқдоми фарз.

Дид сарвар мардуми озурдаю нолони худ,
Кард содир баҳри халъи аслиҳа фармони худ.

Сер шуд мардум зи тақсими батадбири замин,
Хирмани деҳқону дастархон чу пур шуд аз ҳамин.

Буд иқдомаш чу одамдӯстию маърифат,
Шуд писанди аҳли олам ин амал аз ҳар ҷиҳат.

Баҳри рафъи гушнагӣ гуфт эҳтиёти эҳтиёҷ,
То ки рӯзи тангдастӣ корҳо ёбад ривоҷ.

Буд чу ин иқдом хуш, дар рӯи дунё қадр шуд,
Сарфа шуд озуқа, таъмин боз бас аз садр шуд.

Гашт Сарқонуни кишвар пояи қонунгузор,
Шуд фаъол он шохаҳои давлат аз ҳар эътибор.

Тибқи Қонун давлатам озод ҳасту дунявӣ,
Ҳам ҳуқуқбунёду демокрот, солим ғоявӣ.

Шуд ба миллат бахтнома, бахт баҳри тоҷикон,
Ваҳдату озодию сулҳу фараҳ дар ин макон.

Гуфт бошад марзи мо якпарча, тағйирнопазир,
Дунявӣ, демократӣ, арзӣ, ҳуқуқӣ, беназир.

Тибқи Қонун арзиши олӣ ҳақи инсон бувад,
Фикри солим ҳар якеро дар ҳади имкон бувад.

Муҳтавову арзиши он зеби таърихи башар,
Баҳри амну рушди кишвар дарки он орад самар.

Раъйпурсӣ шуд ба майлу ихтиёри мардумон, 
Дур карда аз рақибон ин равиш шакку гумон.

Шуд раванди умр бо меъёри қонунҳо низом,
Ҷумла таъминоту тартибот ояд бо маром.

Зиндагии сабзу шоиста муборак бод, бод,
Тифлу хурду пиру барно ҷовидонӣ бод шод.

Ҳаст миллат бешумар дар даҳр бе садру замин,
Шукри ин қисмат, ки мо дорем ҳам ону ҳам ин.

Пешво тимсоли истеъдоди меросӣ бувад,
Ин лаёқат худ нишону хислати хосӣ бувад.

Пешво Эмомалӣ Раҳмон тамаддун офарид,
Нақшаи ояндаи рахшони дунёро кашид.

Ҳаст аз аҷдоди барҷаста ва машҳури ҷаҳон,
Дар тамаддун хидмате бинмуда бас олинишон.

Ҳамчу арбоби сиёсӣ, файласуф, бо илму фан,
Оқилон гуянд зеҳ дар минбару дар анҷуман.

Чун Президент ӯро кард мардум интихоб,
То шавад ин манзалат барҷо, набудаш ҳеҷ хоб.

Сулҳу ваҳдатро асосаш ҳаст ӯ бунёнгузор,
То шавад ӯ комёб, амн омадаш бо ин қарор.

Сарпарасти тоҷикон ӯ гашт дари рӯи ҷаҳон,
Пешво гуфтанд ӯро халқи кишвар якзабон.

Ҳаст Сарфармондеҳи он Артиши миллии хеш,
Бо силоҳи нав сипоҳи хеш таъмин кард беш.

Зинда кард ӯ қаҳрамонҳорову, худ ҳам қаҳрамон,
Монад аз ин манзалатҳо номи некаш ҷовидон.

Ҳаст дар маҷмуъ як инсони одӣ, аҳли фаҳм,
Бо бузургон нобиға бо нотавонон аҳли раҳм.

Ваҳдати миллӣ, ки ӯро ҳаст иқдом, ибтикор,
Нафъи Истиқлол моро ҳаст иқбол, ифтихор.

Панҷ дафъа суиқасд ангехта бар ҷони ӯ,
Панҷ дафъа қасди хасмон буд бар унвони ӯ.

Хизмати халқ аст худ ангезаи Раҳбар, яқин,
Лаҳзаҳо ҳарчанд мушкил буда, душвору хашин.

Пешво чун буд тамаддункор дар давру замон,
Бо ташаббусҳои олӣ шуҳра шуд андар ҷаҳон.

Гуфт бар миллат хиёнат лоиқи бахшанда нест,
Ҳар ки қадрашро надонад, бар Ватан арзанда нест.

Сабки давлатдории шевои ӯ шуд маънавӣ,
Самти илмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ шуд қавӣ.

Шуд муназзам ҳифзи тартиботу амну амният,
Карда фарҳангу маориф, илмро некуҷиҳат.

Лаҳзаҳо буданд, буда ҷони ӯ зери хатар,
Баҳри халқаш барнагашт ӯ ҳеҷ аз азми сафар.

Пок кард ин сарзамин аз ҷумла нопоке, ки дошт,
Ҳар ваҷаб ин марзро, меҳру муҳаббат беш кошт.
Арзиши миллист парчам, тоҷу ҳам гимну нишон,
Артиши миллист марзу бум аз он андар амон.

Бин, ҷавонони Ватан содиқ ба ҳар савгандашон,
Модарон хушнуду шод аз рифъати дилбандашон.

Шуд ягона дар Ватан манзумаи нерую нур,
Мустақил шуд назми барқу гашт равшан назду дур.

Дар ҷаҳон Роғун бишуд маъруф бо барқи қавӣ,
Рамз шуд бар халқи дунё кохи нури маънавӣ.
Нури Роғун зиндагиро кард бар мо нурбор,
Нест моро нафту газ, аммо на зорему низор.

Гашт рушди санъату фарҳанги миллӣ хуш басо,
Варзишу сайёҳӣ андар арзи кишвар шуд расо.

Сол шуд соли ҳунарҳои нафиси мардумон,
Рушди деҳот аст таъмин аз тараққиёти он.

Қадр шуд ҳувияту расму мақоми марду зан,
Чеҳраю симои миллӣ пок дар ҳар анҷуман.

Ориёро дар тамаддунҳо бувад бас нақши хос,
Пешрафти илму фарҳангу сиёсат инъикос.

Худшиносӣ ҳувият, андешаи миллӣ бувад,
Арҷи суннатҳои Ориё муҳим омад зи ҳад.

Иттиҳоду дӯстӣ, ишқу рафоқатҳо ба ҳам,
Ин бувад роҳи раҳоӣ аз рақобат ҳар қадам.
Гашта туфони сиёсат даргаҳи буҳрони даҳр,
Ҳамчунон ҳушёр бодо, н-оядо ғамбоди заҳр.

Мактаби давлатмадориаш бишуд имкони нав,
Робита бо хориҷа, сад роҳ баҳри роҳрав.

Рушди фанҳои риёзӣ, ҳам табиат, ҳам дақиқ,
То шавад омода афзун кордони мустаҳиқ.

Ҳар ҳадаф аз роҳи хос исбот шуд андар амал,
Пешрафту рушди ободист таъмин бе халал.

Шуд Китобхона намои илму фарҳанги Ватан,
Гашта ҳам Осорхона ганҷи таърихи куҳан.

Ҳайкали Исмоили Сомонӣ арҷи пойтахт,
Пайкари Фирдавсӣ, Айнӣ, Рӯдакӣ тандиси бахт.

Ҳар паёме гашта ҳамчун раҳнамои рушди сол,
Пешрафти иқтисоду иҷтимоъ, беҳбуди ҳол.

Тоҷикистон гашт узви созмонҳои ҷаҳон,
Ҳам шарики созмони ҳифзи ҳаққи мардумон.
Баски ӯро ҳаст хулқи неку ҳам атвори хос,
Дорад ӯ сабру таҳаммул, ҳамд, ҳам арзи сипос.

Гарчи нафту газ набошад, иқтисодаш муътадил,
Барқи обӣ баҳри дунё дар амал ояд кафил.

Кард истиқлол тавъам тоҷиконро бо ҷаҳон,
Ҳам ҷаҳон пайванд шуд бо мо ҳаме аз қалбу ҷон.

Арҷи истиқлол қадри мозию оёни мо,
Набзи давлат омада бо набзи дунё ҳамнаво.

Дошт бояд ифтихору арҷи миллӣ маънавӣ,
Поси арзишҳои миллӣ рамзи ақвоми қавӣ.

Гашт истиқлолият чун як раҳоварди азим,
Ормони чандасри миллату қавми муқим.

Шарҳи истиқлол аслан ҳаст будан мустақил,
Ҷузъи озодии инсон, бар ватан будан кафил.

Дар сиришти мост ин асли тамаддуноварӣ,
Дарсу илму панд омухтем баҳри сарварӣ.

Дар амал гардидааст асъори миллӣ устувор,
Қадру қурбаш дар ҳади байналмилал дорад қарор.

Сарҳади давлат бувад зери назар боиқтидор,
Артиши миллӣ бикарда шаъни миллатро шиор.

Ин ҳама равнақ ба осонӣ ҳаме н-омад ба даст,
Бо сиёсат Пешво бас душманонро роҳ баст.

Дарки истиқлол кард аҳли зиё, хурду калон,
Аз нигоҳи иҷтимоъу дин ҳама пиру ҷавон.

Баррасӣ гардид иқлим, гардиши боду ҳаво,
Ҳам табиат, ҳам саёҳат, ҳам сафар, ҳам рафтуо.

Ҳар каси боор донад меҳану ҳам поси он,
Худшиносӣ, худгарӣ, миллатшиносӣ хоси он.

Зинати таърихи миллат ҳикмату илму адаб,
Ёдгориҳои Меҳан ҳифз гардад рӯзу шаб.

Нақшаи ояндааш беҳзистии ҳар насл шуд,
Миллати боҳуввият бо рӯҳу ҷонаш васл шуд.

Гуфт бояд хоку оби ин Ватанро дӯст дошт,
Осмону офтоби ин Ватанро дӯст дошт.

Сад хатар аз хасми пинҳониву ифротӣ бувад,
Душмани миллат, палидӣ, хубсу бадзотӣ бувад.

Гуфт ифротӣ, хурофотӣ ба мулк орад хатар,
Каҷравӣ доранд динбозон, зи "динсозон" ҳазар.

Ҳаст бегонапарастӣ, хешнашносӣ зиён,
Хавфу таҳдиду хисороту зарар афтад гарон.

Кард эълон Пешво манъи маводи нашъадор,
Беҳ, ки бинмоем мо гандум ба ҷояш киштукор.

Ин маводи ҳушраборо буд афғон паҳнгар,
Баҳри рафъаш чораҳо шуд, чунки он дорад хатар.

Баҳри ободӣ ҷадал беҳ, гуфт, бо ҳамсоягон,
Робита бо ҳамватанҳо лозиму бегонагон.

Гуфт ин илми муосир бояд аз худ кард чанд,
Бояд аз фанноварии ин замон бигрифт панд.

Баски дунё гашта ноорому майдони хатар,
Ваҳдати миллӣ дар ин вазъи ҷаҳон орад самар.

Ҳаққи ҳар инсон, бувад аз ибтидо озодиаш,
Равнақу рушди Ватан, оромию ободиаш.

Сарсупурда чеҳраҳо ҳастанд зинда то абад,
Ҷумла тадқиқот аз дунёяшон ҷовид шавад.
Мо худ аз фарзонафарзандони худ қисмат барем,
Чунки мо аҳлу табори тоҷитиллобарсарем.

Ифтихори ориаҷдодони афзунмаънавӣ,
Чун чароғи маърифат равшанзамиранду қавӣ.

Пайравону ворисони шуҳраи миллат шавем,
Бо виқору бо шиоре бо раҳи ибрат равем.

Наслҳои олии илму хирад парвардаем,
Шуҳраҳои сатҳи дунё бар миён овардаем.

Чист фарқи давраи сомониву даврони мо,
Он бузургон ҳарчи карданд, он бикарда Пешво.

Лоиқи арзиш буда мероси даврони ниё,
Манбаи маънӣ бигашта ҳикмати аҳли зиё.

Санъату фарҳанг дорад рағми ифротӣ набард,
Дар амал исбот созад ончи ҳар соҳир накард.

Ҳарчи беш омӯхт бояд панду андарзи ниё,
Ин ғановат аз башар, аз аҳли илм, аҳли зиё.

Боз бояд кард таълимоту таҳқиқотро,
Бойгониҳо бигардад поя тадқиқотро.

Шуд таҳаммул, ҳам таҳаввул бештар бар дарки кас, 
Ҳам тавассул, ҳам такомул боядо бар фазл бас.

Кард бархе як қадар маҳдуд нафту барқу роҳ,
Ин нашуд монеъ ба рушду зиндагонӣ ҳеҷ гоҳ.

Ӯ куҷо тарсид аз ин таҳдиду аз авҷи хатар? 
Пеши хасми ҷони худ нотарс боз омад бадар.

Дар ҷаҳон таҳдид шуд бемории маҳви башар,
Пешво тадбир кард, он гашт аз кишвар бадар.

Завқу ҳисси миллиаш бахшид ҳисси ному нанг,
Гуфт ирода дошт бояд ҳамчунон фулоду санг.

Тоҷикистон гашта аз ӯ ҷаннати рӯи замин,
Дашту кӯҳаш зинда дорад то абад моро, яқин.

Гуфт Сарвар носирону шоирону олимон
Нафъи миллат ҳифз бинмуданд андар ҳар замон.

Чун баён созем нақши кас ба ҳар давру замон,
Гардиши айём меорад чунин кас дар ҷаҳон.

Ганҷи дунёянд аз аввал тамаддуноварон,
Суд меорад барои даҳр чун меросашон.

Ҳар китоби Пешво таҳқиқи воқеият аст,
Аз гузашта, ҳозиру ояндаи мо ҳикмат аст.

Ҳаст таълимоти ӯ илмию ҳам таҷрибавӣ,
Дур гаштан аз хурофотӣ ба фазли хусравӣ.

Шуд зуҳури Пешво арзи умеди тоҷикон,
Як падида ҳаст, ё эҳдои қисмат дар замон.

Илм шуд фикру суханронию иброзу баён,
Гуфтугӯву суҳбату иршоди ҳар фарди ҷавон.

Кард бар фарҳанги бегона фузун аксуламал,
Гуфт расму урфу оинро намебояд бадал.

Ҳаст таълимоти ӯ тарбияи инсон мудом,
Ҳамчу дарси маънавӣ, хулқи наку, олимақом.

Бурҷи Истиқлоли мо шуд кашфиёти илму фан,
Чунки аз Кайҳон бигирад маншаъ ин рамзи Ватан.

Чун яқин шуд Пешво худ давлати миллӣ бисохт,
Вазъи оламро биёмухт аз лиҳози бурду бохт.

Шуд фазилатҳои ин кирдор мақбули ҷаҳон,
Бо ниҳоди ҳам сиёсӣ, ҳам зи мавқеъи забон.

Қайд шуд дар созмони даҳр мулки тоҷикон,
Ҳамчунон як давлати комилҳуқуқ андар ҷаҳон.

Аз каломи Пешво дар анҷуманҳо баръало,
Ҷилвагар гарданд ҷумла ҷонфидоён пурҷило.

Гар бигуӣ Черчил, Рузвелт, Гол ё Ҳо ши Мин,
Пешво андар тамаддун саҳм беҳ дорад, яқин.

Чанд гуфтем аз фазилат, аз ҳаёти Пешво,
Хислату атвору хулқ, андеша дорад бебаҳо.

Шарт он бошад, ки гуфто, к-аз азал ман тоҷикам,
Баъд муслим аҳли дину шаҳрванду моликам.

Пешоҳанг аст бар эҳёи миллат Пешво,
Ҷоннисору қаҳрамону раҳнамову ҷонфидо.

То ки подории истиқлол гардад устувор,
Мо бас аз бигзаштаҳои хеш созем ифтихор.

Мо биомӯзем ҳар нуқсони аҷдодони хеш,
Бо хулоса бартараф созем мушкилҳо зи пеш.

Шуд шиораш дӯст доред ин диёри хеш беш,
Ҳар замон ин ҳарф бар лаб: Тоҷикистонам ба пеш!

Ин нидо аз қалби ӯ неру диҳад садсоларо,
Бонги шодӣ мекунад дар ҳар дил оҳу ноларо.

Пешво андешаи миллӣ фузуд андар Ватан:
Дӯст доред, ин Ватанро, дӯстон, бо ҷону тан.

Давраи душвори миллат давраи сангини ӯст,
Сулҳу оромию Ваҳдат нақшаи рангини ӯст.

Санъати нутқу маъонӣ қудрати волои ӯ,
Шуд силоҳи беҳтарин дар ҳалли мушкилҳои ӯ.

Пешво бо гуфтааш бар ҷисми ҳикмат ҷон диҳад,
Бо каломи неки худ бар қалби кас дармон диҳад.

Чун забони мо ба шарҳи дунявӣ тафсир ёфт,
Аз Авасто, Шоҳнома, Маснавӣ тадбир ёфт.

Шуд забон бисёр шево, лаҳни ширину расо,
Сидқ дар лаҳну садои қалби ҳар як ҷонфидо.

Матни гуфтораш матин гашта ба бурҳону рақам,
Бо нукоти бас амиқу маънавӣ, лафзи Аҷам.

Чун пажуҳиш дар забони Пешво гардад амиқ,
Ганҷи он бар насли оянда шавад равшан дақиқ.

Аз каломаш сохт бояд мактаби ҳусни баён,
Аз лиҳози маънавӣ навовариҳо дар забон.

Даъваташ гардид зидди қавми ифротӣ шиор,
Гашта бар ҳар як ниҳоде гуфтааш сармашқи кор.

Гуфт давлатдор мо ҳастем, сарҷамъӣ зарур,
Шаҳрвандонро парасторем дар наздику дур.

Арҷ бигзорад ҳаме бар меҳнати деҳқон аён,
Қадр бинмуда варо дар сатҳи давлат ҳар замон.

Зиндагиро гуфт бояд бо ҳавас, бо завқ кард,
Кору меҳнат аз дилу ҷон бояду бо шавқ кард.

Пешрафти мо на танҳо ҳаст аз нақди замин
Омили инсонӣ андар пеш мебошад, яқин.

Баҳри мардум гаштааст ояндабинмое Паём,
Бо рафоқат, дӯстӣ, пайванди қонуну низом.

Озмунҳо - илмию фарҳангӣ, авҷи маърифат,
Баҳри рушди ақлу зеҳни наслҳо аз ҳар ҷиҳат.

Ҳам баробар гуфт донистан забони хориҷӣ,
То расо бошад баён бо кордони хориҷӣ.

Дид таърихи Ватан андар қиёси бурду бохт,
Сӯхтан, афрӯхтан, андӯхтан бояд шинохт.

Кард мизони сиёсат бо равишҳои ҷаҳон,
З-ин сабаб бас нуктаи мушкилкушояш шуд баён.

Қаҳрамонони Ватанро ном аз нав зинда шуд,
Қаҳрамони халқи тоҷик ибрати оянда шуд.

Кишвари мо гашт марзи сабзи сулҳу амният,
Ваҳдату адлу адолат, пуршараф азму ният.

Ин даҳои Пешво пайғоми кайҳонӣ набуд,
Бо матонат, бо ҷасорат фатҳҳо овард худ.

Кард неруи иродатмандиаш акнун ба пеш,
Ёфт аз умқи замонҳо посухи пайғоми хеш.

Чун ягона раҳбаре бо халқ андар робита,
Суҳбат орояд муфид бо халқ бо ҳар восита.

Вохӯрӣ мекард чун бо мардуми деҳоти дур,
Мушкили гар пеш меомад, ҳамекардаш убур.

Баррасӣ, таҳлил, ҳам бигрифтани ҳар маълумот, 
Ҳаст истеъдоди дарки фитрияш аз ҳар ҷиҳот.

Дарсу донишгоҳу мактабро асоси умр хонд,
Илмҳои рӯз дар барномаҳои дарс монд.

Шукр аз он дорем, бо ин Пешво мо ҳамдамем,
Содиқу омода дар иҷрои амраш ҳар дамем.

Дониши таъриху илму фалсафа ибрат бувад,
Тоҷикият, ҳуввиятро тақвият ҳоҷат бувад.

Ваъдаҳои беҳбуд андар вазъу ҳоли иқтисод
Гашт иҷро дар фазои рушду равнақ барзиёд.

Гардиши озод пайдо кард охир пулу мол,
Гашт беҳтар зиндагию рӯзгору вазъи ҳол.

Минтақаи озоди тиҷорӣ биомад рӯи кор,
Гашт бо ҳамкори хориҷӣ таомул бобарор.

Сарфаи озуқа бояд, гуфт, ду соли ахир,
Он мабодо мушкилӣ, қаҳтӣ биояд авҷгир.

Рафъи ҳолатҳои фавқулода тадбир асту бас,
Бе ҳимоя аз хатарҳояш намебояд нишаст.

Вусъати беҳбуди вазъи иҷтимоӣ бас фузуд,
Бо ирода аз дили мардум бибояд ғам зудуд.

Дар ҷаҳон бас бесарусомонӣ омад бар миён,
Гар сари ҳикмат надорӣ, мекунад бар ту зиён.

Дар чунин вазъ ӯ низоме тоза роҳандоз шуд,
Бо қадамҳои замону вақти худ ҳамсоз шуд.

Гуфт ҳар оиларо: хонед Қуръонро дуруст,
Дарку маънидоду фаҳмидан ҳар инсонро накӯст.

Сураи аввал бигуфто "Иқра" ҳаст аз илму фан,
Пурра хонедаш, баред ибрат амиқ аз ин сухан.

Низ бар ҳар хонадон додан китоби "Тоҷикон",
То шавад огаҳ тамоми халқ аз таърихамон.

"Шоҳнома" низ равшан кард ҳар кошонаро,
Қадрдониҳо намуд бояд ки ин дурдонаро.

Дода шуд дастури Конуни тамаддун - "Ориё",
Маркази байналмилал- "Наврӯз" ҳам кардан бино.

Гуфт мебояд биомӯзем алифбои ниё,
Паҳлавию Суғдию Бохтар жарфу расо.

Ҷашни Наврӯзӣ бишуд аз Пешво ҷашни ҷаҳон,
То шаванд аҳли Аҷам сарҷамъ дар ин остон.

Вожаи Наврӯз "Нукруч" аст андар паҳлавӣ,
"Нук" ба маънои "нав" асту "руч" рӯзи хусравӣ.

Маънии "Наврӯз" рӯзи нав, каломи тоҷикӣ,
Гар набошад моли мо, худ пас бигӯ ин моли кӣ?

Ҷашни Наврӯзӣ бувад худ хоси аҳли Ориён,
Аз Хуросон то Вароруди Аҷам, қисми ҷаҳон.

Рӯзи Ҳурмузию Султонӣ ва ё Рӯзи Ҷалол,
Рӯзи инъому муросо, дӯстӣ, оғози сол.

Бешумар осорҳо буда зи Наврӯзӣ паём,
Наршахӣ, Берунию Фирдавсӣ афзояд маром.

Айнию Синою Гардезию Хайём эҳтиром,
Аз Камолу Ҳофизу Саъдӣ баланд ояд мақом.

Паҳн шуд аз Шарқу Ғарб ин анъана то Осиё,
Чунки Наврӯзӣ ҳаме гӯянд онҳо мисли мо.

Иди Наврӯзии мо шуд ҷашни фарҳанги ҷаҳон,
Қайд гардад ин маросим бо ҳама дар як замон.

Ҷашни Наврӯзӣ бигашта ҳувият бар тоҷикон,
Ҳиссиёти худшиносиҳову дарки ҳар ҷавон.

Солбишмории шамсӣ гардад аз Наврӯз сар,
Равшанӣ бар тирагӣ, неки ба бад пирӯзгар.

Ҷашни Сада, Меҳргону Тиргон ҳам моли мост,
Ҳар яке ояд ба фаслу даври соли хеш рост.

Порсигӯ анҷуманоро ҳамон тоҷикзабон,
Пешво шуд интихоб аз якдилӣ раҳбар бар он.

Ин ҳамоиш ҳамзамон пайваста бо "Пайванд" шуд,
Посдорони забони форсӣ дилбанд шуд.

Солгарди ҷашни ориёиро таҷдид кард,
Баҳри ҳифзи эътимоду арзишаш таъкид кард.

Гуфт мероси гаронарзиш Фалак бо Шашмақом,
Расму оин, ҷашнҳоро дод танзиму низом.

Ёфт фарҳанг иртиқо дар сатҳи дунёи башар,
Созмонҳо ёфтанд аз шавқ дунёи дигар.

Зеҳну ақлу ҳам заковат дарҷ шуд бо муҳтаво,
Ёфт сайқал ҳам забон, ҳам буда гуфтораш ба ҷо.

Мактабу илму маориф ёфта рушде дучанд,
Муҳтавои дарсҳо ибрат шуду андарзу панд.

Дошт чун бо Созмон андар тамаддун кору бор,
Худ навишт осори нек аз "Чеҳраҳои мондагор".

Баски одил буд, чандин қаҳрамонон зинда кард,
Номи неки ҳар якеро то абад поянда кард.

Кард пеша инчунин ӯ иқтисоди сабзро,
То ки ёбад аҳли дунё ин мадори набзро.

Кард баски баҳри миллат хидмати олинишон,
Оқибат додандаш унвони Пешвои Қаҳрамон.

Роҳу нақби беш бикшод ӯ ба шаш сӯи ҷаҳон,
Рафтуомад, ҳам тиҷорат шуд фузун дар ин макон.

Худ, ки бошад мондагор андар тамаддунофарӣ,
Зинда кард ӯ тоҷикию форсӣ, лафзи дарӣ.

Қайд шуд ҷашни "Авасто", Давлати Сомониён, 
Солгарди шоирони ганҷафзои забон.

Гашт ҳам таҷлил Соли рушди фазли Ориё,
Шуд баланд аз ин басе руҳияи аҳли зиё.

Анҷуманҳо карда бас форсизабонон, тоҷикон,
Пешво шуд интихоб аз якдилӣ раҳбар ба он.

Бар ҳама форсизабон "Пайванд" гардид анҷуман,
Ваҳдати миллӣ зи Ҷунбиш гашт эҳёи Ватан.

Анҷуман эҳёи пайванди ҳама Оритабор,
Шукри Истиқлоли мо, аз сидқ кард оғози кор.

Тоҷикистон - хонаи уммеди кулли тоҷикон,
Иттиҳоди ҷумла аҳли форсигӯйи ҷаҳон.

Гуфт бо саъйу талоши ибратомӯзи шумо
Гардад акнун тоҷикон бо ҳамзабонон ҳамнаво.

Асли таъриху тамаддун, ҳар чи ҳаст аз Ориё,
Чун намуна гашт бар дигар тамаддунҳо раво.

Мо натанҳо вориси оритамаддунҳо  шавем,
Аз пайи беҳбуди фарҳангии онон меравем.
Шуд забони тоҷикӣ пайванди сад насли ниё,
Ҳамчу шаҳпул устувор аз баҳри аҳли Ориё.

Боядо таҳқиқу тарғиб он ҳама мероси худ,
Ёдгориҳо, нигар, мероси дунёӣ бишуд.

Қудрати миллат дигар на паҳнаи ҷуғрофӣ аст,
З-иқтидори зеҳну донишҳову аз кашшофӣ аст.

Миллате то ки шавад бар мардуми олам писанд,
Баҳри сайёра чи саҳме дорад он гӯянду чанд?

Ҷоиза аз баҳри иқдомот бошад дар қиёс,
Мардуми сайёра з-ин дастур карда иқтибос.
 
Рушд дода тоҷикон мафкураи инсоният
Бо ҳамин ганҷи ҷаҳонорои илму маърифат.

Миллате, к-охир надонад ҳикмати бигзашта он,
Амну оромӣ диҳад имрӯзу фардоро чи сон?

Шукр, он афкору мероси гаронқадри ниё,
Монда бо хатти ниёгон з-Ориё то аҳди мо.

Омад Истиқлол бар синни саиди сию панҷ,
Пешво гуфто: Зи қалби ранҷ овардем ганҷ.

Нақшае буд ҷанги таҳмилӣ ба хоки ин Ватан,
Чора мебоист таъҷилӣ ба рағми Аҳриман.

Буд фикри Пешво ҳамқалбию ҳамбастагӣ,
То бидонад халқи кишвар қадри  ҳампайвастагӣ.

Тоҷикон исбот карданд  ормонро парваранд,
Баски бо сабру закои худ тамаддунофаранд.

Вазъ орому наку гардиш ба пулу мол шуд,
Зиндагӣ беҳ гашту хуш осуда вазъи ҳол шуд.

Хуш ки Истиқлол амни ҳастии миллат бишуд,
Рукни навбунёду руҳафзои ин давлат бишуд.

Ҷомеа гардид он даврон ба се қисмат ҷудо,
Ҳизбию динию равшанфикрҳои ҷонфидо.

Пешво шуд раҳбари тадбиргар, ояндабин,
Оқилона дур кард ин тударо аз сарзамин.

Пешво аъмоли ваҳдат монд худ бар души  худ,
Кард пайванд аз фазилат кандаҳои тору пуд.

Халқ шуд сарҷамъ гирди даъвати ин родмард,
Бо паёмаш қалби ҳар касро ба фардо гарм кард.

Ваҳдати Сарвар ба аркони Ватан кафшер шуд,
Мулк гашт обод, халқи кишвар аз нон сер шуд.

Ҳаст аз он масрур қалбаш, набвадаш як дам қарор,
Ҳаст аз он хушнуд умре, метапад қалбаш ба кор.

Давлат акнун шуд кафили мардуму озодияш,
Халқ шод аз Ваҳдату осоишу ободияш.

Ҷашни Истиқлол шуд ҷашни нави оламшумул,
Шуд фари овозааш, чун ваҳдати дунё қабул.

Дарку афкораш бувад шоистаи аҳли башар,
Гашта боис баҳри  таҳсини ҳиси аҳли назар.

Ҷашну иди тоҷикон шуд ҷашни Форсу Ориё,
Ҷамъи дин, мазҳаб, равиш, ҳам ҳизбҳо омад ба ҷо. 

Роҳҳо бикшод Раҳбар, бандҳо бикшода шуд,
Рафтуомад шуд, ниҳоди дӯстӣ бинҳода шуд.

Эътибору эътиқоди худшиносӣ рафт пеш,
Қудрати ҳувияти миллӣ фузунтар гашт беш.

То раҳо ёбем аз бунбастҳои беамон,
Роҳҳою нақбҳо шуд боз ҳар суйи ҷаҳон.

Ҳалқаи барқе, ки буд, он хасми бадкин канда кард.
Роҳбар ин ҳалқаро пайвасту аз нав зинда кард.

Аз талоши Роҳбар деҳоту шаҳр обод шуд,
Шуд манотиқ дӯст, мардум ҳам зи ғам озод шуд.

Шукри оромии кишвар, шукри даврон мекунем,
Фахр аз таъриху фарҳанг аз дилу ҷон мекунем.

Пешво имрӯз такя бар ҷавонон кардааст,
Бостонро бо хирад хуррам чу бустон кардааст.

Пешво хуршед шуд, торикшаб равшан намуд,
Ҷон ба ҷони ҳар яке бинҳода, тан ҷавшан намуд.

Ҳарчи кард ӯ, заррае аз хасми ҷон парво накард,
Аз ғаму дарди дилаш нолиш зи дасту по накард.

Чун муҳайё шуд замина баҳри рушди иқтисод,
Махзани асъори олам кард бар мо эътимод.

Баъди ислоҳотҳо беҳ гашт сатҳи рӯзгор, 
Пояи давлат зи саъйи Пешво шуд устувор.

Рушди куллӣ ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ биёфт,
Шоҳиди он буд, ки давлат бар камоли худ шитофт.

Сохти давлат низоми нав шуду иқдоми нав,
Дам ба дам меёфт чун имкони нав, илҳоми нав.

Кард пеша ҳикмату фарҳангу фазли бостон,
Иттиҳоди пошхӯрда халқ дар як остон.

Шуд забони тоҷикӣ аслан забони давлатӣ,
Лафзи русӣ қадру мавқеъ дораду ҳам иззате.

Низ дар гуфтор озод аст ҳар халқе, нигар,
Бо забони хеш карда гуфтугӯ бо якдигар.

Мо, ки узви созмонҳоем дар ҷамъи милал,
Эътирофи шартнома – эътиқод андар амал.

Шаҳри гулбоғи Душанбе пойтахти кишвар аст,
Ин ҳама гулгулшукуфоӣ зи азми Сарвар аст.

Мактаби давлатвариаш дар масири қарнҳо,
Бо калиди ақл бикшояд дари ояндаро.

Гуфтаю ҳар кардааш маънию ҳам панду калом,
Суфтаю комил бувад дар маснади олимақом.

Шавқу илҳомаш ҳаловат аз фазои маънавӣ,
Маънии фазлаш фузун чун дар каломи Мавлавӣ.

Суҳбати ёрон бувад нерӯву ҳам дармони ӯ,
Хирмани дониш чи хуш дар давраю даврони ӯ.

Шӯҳрати ӯ дар назар ҳаст ибрати дунё, нигар,
Руй бар минбар ниҳад, чун мушкиле ояд агар.

Хулқу атвораш бубин, авзоъи он бас муътадил,
Фикрҳо, андешаҳо иброз ёбад мустақил.

Халқ иноят мекунад, баҳраш ҳаёти хуш яқин,
Вокуниш изҳори ҳақ, ибрози адлу дил ҳамин.

Дарки эҳсоси бақо дар тинаташ аз ирсият,
Гуфтааш ибрат бишуд дар кор, ҳам дар урфият.

Муҳтавои гуфтааш дар сатҳи дунё дар назар,
Ин ҳама асноди миллат гашта худ садҳо асар.
Махзани миқёсии фикру баён доимамал,
Дар суханҳояш фаровон ҳикмату панду масал.

То шавад комил ҳар инсон, нек аз рӯи хирад,
Ҳар ки то шоиста гардад, ӯ бидонад хубу бад.

Суҳбати хоса чу орад гоҳ бо аҳли карам,
Ман, ки муштоқи ваям, аз ин ҳаловат мебарам.

Ҳам иродат, ҳам итоат ҳаст бо арзи адаб,
Бо саодат шукри ҳастиаш намуда рӯзу шаб.

Эҳтироми хосаи аҳли зиё бо сад сипос,
Ҳарчи дар қалбаш бувад, ёбад ба чашмаш инъикос.

Бо умеди вақту айёми хуши аҳли назар
Бин ҳидоятҳо ҳамеша оварад нахли самар.

Ҳар киро дар ҷавҳараш бошад агар ақли расо,
Шукри он, к-аз неку бад афзун адаб орад баҷо.

Сатҳи қадру қимати инсон варо бошад азим,
Шуғлу диди мардум ӯро ҳаст дар марзи муқим.

Худ шуури миллӣ афрӯзад чу тақдири Ватан,
Рӯҳи миллӣ, ҷанбаҳои равшани халқи куҳан.

Мактаби ҳамкориаш андар ҳади байналмилал,
Манфиатҳои Ватанро бо ҳимоя кард ҳал.

Об гардида чу рамзу ҳам нишони тоҷикон,
Шуҳраи офоқ миллат гашт аз ин дар ҷаҳон

Созмони Шонгҳой аз саргаҳаш пайваста шуд,
Кулли кишварҳои аъзо хуш ба мо ҳамбаста шуд.

"Оби тоза" гашт эълон чун ба миқёси ҷаҳон, 
Дастрас ёбад касе, ёбад зи ҳар мушкил амон.

Чун расид иқдоми дигар: Об аз баҳри ҳаёт,
Ин бишуд аз баҳри ҳар як ташналаб роҳи наҷот.

Об иқдоме дигар аз баҳри рушди устувор,
Аҳли дунё то шавад бо ҳам қавӣ дар кору бор.

Соли байналмилалӣ, ҳамкорӣ андар самти об,
Ҳар нафар таъмин бигардад бештар аз оби ноб.

Соли ҳифзи пирях ҳам гашт иқдоме  азим,
Пиряхҳо то абад дар мулки мо монад муқим.

Сар шавад даҳсолаи таҳкими сулҳи наслҳо,
Ёбад оромӣ ҷаҳон аз иттиҳоди фазлҳо.

Соли оянда бигашта соли таълими ҳуқуқ,
Ҳаққу озодии инсон – офтоби як уфуқ.

Ҳикмати ҷоизаи байналмилал аз баҳри об,
Он бувад, к-оянда таъмин бошад аз нӯши хушоб.

Зеҳни сунъиро шуд эълон рӯз чун байналмилал, 
Кори истеҳсол мегардад бидуни шахс ҳал.

Рӯзи футболи ҷаҳонӣ гаштааст аз мо нишон,
Гашт иқдоми наку ин баҳри насли навҷавон.

Дар амал доною дар гуфтан тавоно зистан,
Як атои хуби инсонист неруи сухан.

Санъати волост ӯро, сатҳи байналмиллатӣ,
Чунки бо нозуки ёбад роҳи волоҳимматӣ.

Мисли ин Сарвар ҳазору чанд соле дер боз
Ҳеҷ н-ояд дар сиёсат Пешвое чорасоз.

Дар мадори Пешво дидори ҳамасрони ӯст,
Ҳамраҳон буданд бо ӯ, дигарон гаштанд дӯст.

Дар амал ӯ Пешвову Раҳбари доно бишуд,
Меҳри ӯро қалби халқу давлаташ маъво бишуд.

Аз забонаш ёфт сайқал хуш забони модарӣ,
Вожаҳо во кард маънӣ беш дар ганҷи дарӣ.

Халқ бовар кард ҳам бар гуфта, ҳам бар кардааш,
Чунки иҷро кард аҳди бар забон овардааш.

Баҳри ҳар сарбозу афсар гашта савгандаш сабақ,
Бо садоқат ҳаст, то ҷон бошадаш андар рамақ.
Ҳар яке аз ин ташаббусҳо тамаддуноварист,
Дар миёни мардуми аллома аз худбоварист.

Ӯ таваҷҷуҳ кард ҳам бар олимон, ҳам шоирон,
Низ бар руҳониён, бар носирон, бар нозирон.

Раҳбарӣ гуфто бувад дармони ҷону дарди аҳл,
Ҳар ниёзи мардуми мискин набояд дид саҳл.

Карда бас таъкид бар омухтани илму ҳунар,
Бо ҳунар инсон ба ҳар мушкил ҳамеёбад зафар.

Гуфт рушди давлат аз мавқеъи ҷуғрофӣ наяст,
Бал зи зеҳни миллию аз илми мардони вай аст.

Шуд ғанӣ аз вожаҳои нобашон асли забон,
Сабки ороми сухан гашта нишонрас бас аз он.

Мардумаш бунёдкори давлати миллӣ шинохт,
Чунки ӯ аз сифр як давлат дар ин дунё бисохт.

Сулҳи мо фарҳанги инсонпарварӣ шуд дар ҷаҳон,
Чун кабутар гашт дар ақсои олам парфишон.

Маърифатро манбаи он вақту инсону замон,
Ҳастии инсониятро фарз донад дар ҷаҳон.

Вақт гуфто рудсон ҷорист, аз мо меравад,
Бошад инсон бо замон, ҳақ бар мувозӣ мерасад.

Инкишофи зеҳнии фарзанд нақши модарон,
Чунки ҳарфи аввал аст аз модару аз хонадон.

Мактаби тоҷик ҳикматқалъаи илму хирад,
Расму ойинҳои миллӣ зинда гашта то абад.

Бо таҳаммул эҳтироми волидайн афзун кунем,
Ҳурмату икроми пиронро ҳама бечун кунем.

Дарси Сулҳаш дарси дониш гашту ирфону хирад,
Раҳнамо бар хонишу барномаҳо орад мадад.

Сарвати мактаб ҳама сармояи давлат бувад,
Донишу одоби кӯдак гавҳари қимат бувад.

Кишвари моро саросар фитрати солим муҳим,
То шавад илму ҳунармандони таҳҷоӣ муқим.

Насли наврасро, бигуфто, нек ғамхорӣ кунем,
Зеҳни фарзандони худ равшан зи бедорӣ кунем.

Ҳаст дар хориҷ шумори ҳамдиёри мо зиёд,
Сахт пайванданд бо мо, ҳамниҳоду ҳамнажод.

Гуфт Сарвар ҳаст ҳамкорӣ муҳим бо ҳамватан,
Тоҷиканду дур аз кишвар чу гул дур аз чаман.

Ҳаст ҳар кишвар ба нафъи хеш ҳассос ин замон,
Сабқати бунёдсозӣ пеш омад дар ҷаҳон.

Қудрати давлат, бувад пайваста бо фикри ҷавон,
Ҳам фазои солими ахлоқ вобаста бар он.

Гуфт бипзиред, гар бишнидаро санҷидаед,
Ҳам зи покию хирад бо чашми эҳсон дидаед.

Гуфт амал медид мебояд ба мизони хирад,
Бар камол одам ба фазлу бо адолат мерасад.

Насб шуд дар пойтахтам устувона аз Куруш,
Ҳам зи боғи гулбадомон қалби кас ояд ба ҷӯш.

Кохи Сомон, Кохи Наврӯз, Қасри Миллат бошукӯҳ,
Боғи Миллат, Боғи Айнӣ, Боғи Куруш авҷи руҳ.

Рамзи истиқлол шуд Варзишсарои марказӣ,
Бошаҳомат, осмонаш гашта гӯё гунбазе.

Шуд ниҳоди миллии қонунгузорӣ Парлумон,
Маҷлиси миллию ҳам бахши Вакилон ҳамзамон.

Қад кашида қасри девону бинои Парлумон,
Сарбасар ороста ҳар як ба меъёри ҷаҳон.

Шавкати Театри Миллӣ гашт як ҷашни муҳим,
Ин шаҳодат аз тамаддун, фитрати қавми муқим.

Дастаҷамъӣ, роҳпаймоӣ шуда бо як наво,
Якдилии халқ бо кору каломи Пешво.

Ин ҳамоиш иштирокаш беш буд аз сад ҳазор,
Ҳам зиёӣ, ҳам фақир, пиру ҷавон дар як қатор.

Гуфт ҳар чӣ мекунӣ хидмат барои волидон.
Бояд аз ройи савоб андеша бинмудан дар он.

Иззати модар - падар аз ҷумла иззатҳост пеш,
Хуб дон, ки ҳоҷати инсон ба пирӣ ҳаст беш.

Нақши соҳибкор афзун гашт андар иқтисод,
Шуд аз ин раҳ кори мо бо ҳамҷаворон ҳам зиёд.

Дар кашоварзӣ чу ислоҳот омад рӯйи кор,
Киштгардон дода бас ҳосил фаровонӣ ба бор.

Шуд супориш, то шароит беҳ шавад дар шаҳру деҳ
Тандурустӣ ганҷи аслӣ ҳаст баҳри кеҳу меҳ.

Сарзамини мо бишуд як кишваре ҳамчун биҳишт,
Зиндагӣ обод шуд, гӯё ки нав шуд сарнавишт.

Зуҳди ифротӣ ба ойин дар амал омад хилоф,
Ин ҳама зоҳирпарастӣ бошаду лофу газоф.

Ҷанги таҳмилӣ нарафт арчи зи ёду ҷону тан,
Аз ниҳоди сулҳ хотирҷамъ шуд насли куҳан.

Гашт чун беҳбуди обу иқлимаш ибрат ба даҳр,
Гашт бархурдор ҳар маҳруми об аз рӯду наҳр.

Худшиносӣ ҳаст худ донистани хешу башар,
Ҳаст пайванди накуи мо ба олам дар назар.

Хулоса
Дар ниҳоят кард бояд иртиботе устувор,
Аз ниё то Ориё, пайваста аҳли ҳамтабор.

Буд моро аз азал мардони дорои нубуғ,
Ин нубуғ аз асли фитрат ёфт аз эшон фурӯғ.

Илмҳо омӯхтем аз якдигар мо бо қиёс,
Ёфтем аз Пешво фарҳанги хеш, ӯро сипос.

Ҳаст баҳри рушди инсон ҷумла иқдомоти ӯ,
Кору заҳмат менамояд, рӯзу шаб дар ҷустуҷӯ.

Ҷуст ӯ пайванди аҳли даҳр бо сулҳу салоҳ,
Ёфтанд аз фикри ӯ андешаи олампаноҳ.

Мо зи ӯ дарёфтем бинодиле, марди хирад,
Мактаби давлатмадорияш бимонад то абад.

Баҳри фардои саодатманд аз ӯ ибрат барем,
Баҳри миллат дар баҳои ҷони худ сулҳ оварем.

Пешво садри тамаддунофарин шуд дар ҷаҳон,
Ибтикораш як ба як шуд шуҳраи давру замон.

Боядо омӯхт назми кори давлатдорҳо,
Рафъи фақри рӯзгору ёрии нодорҳо.

Сарварӣ дар фитрат аст, аз волид ояд ирсият,
Ҷо ба ботин аз азал, гӯянд андар урфият.

Гуфтаанд оё сиёсат илм бошад ё ҳунар?
Ҳарду бо ҳам гар бувад, он роҳбар ёбад зафар.

Хуш касеро  ростқавлӣ ҳасту дасту қалби пок,
Акси он гар пеш ояд, ҳаст посух дарднок.

Худшиносӣ раҳнамои урфу ҳам оин бувад,
Ёбад андар сарзамини тоҷикон умри абад.

Инчунин неку таҳаввул ёфт таърихи ҷаҳон,
Ҳар тазоди байни инсон рафт охир аз миён.

Мо чу дар маҷмуъ гуфтем аз тамаддунофарон,
Гашт нақши Пешво дар рушди он ганҷи гарон.

Эй Ниҳонӣ, қадр кардем аз тамаддунҳои даҳр,
Орёию дигар ирфонӣ андар барру баҳр.

15.10.2026 17:35
631