Садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шуғнон
7-уми октябри соли 2026, тахминан соати 23:50, ронандаи автомашинаи тамғаи «Lexus LX 470», рақами давлатии бақайдгирӣ 50-00 JD 04, Мамадносиров Насим соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шуғнон, ҷамоати деҳоти Сучон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияи Шуғнон, дар ҳудуди деҳаи Бидурди ҷамоати деҳоти Сучон, дар километри 638-уми роҳ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори рости роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷаи садама ронанда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Мутаассифона, мусофири дохили автомашина, шаҳрванд Борониев Сабоӣ Ёралиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Шуғнон, ҷамоати деҳоти Сучон, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тахқиқ идома дорад.
















