Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози парвандаи ҷиноятӣ бо далели қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар вилояти Суғд шаҳрванд Собирзода Ҷурахон соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо гумони содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Зайдов Сироятулло сокини шаҳри Душанбе даромада, бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд, дар ду марҳила аз ӯ 160 000 доллари ИМА гирифтааст.
Аз маблағи мазкур 38 000 доллари ИМА-ро баргардонида, боқимонда 122 000 доллари ИМА-ро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Собирзода Ҷ. бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

09.10.2026 9:51
56