Дар ноҳияи Темурмалик ҳолати дуздии чорво ошкор гардид
Шаҳрванд Самадов Маҳмазоир сокини ҷамоати деҳоти Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза муроҷиат кард, ки шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи деҳа 7 сар бузу гӯсфандашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ба ҷабрдида зарари моддии 21 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Ҳайдаров Файзалӣ соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик содир намудааст.
Вобаста ба шахсияти гумонбар қайд кардан зарур аст, ки қаблан бо моддаи 245-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Оид ба ҳолати мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.
















