Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Лахш шаҳрванд Маҳмадшарифзода Б., соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи мазкур бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Муайян гардид, ки номбурда бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Каримов Қ., соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Лахш, даромада, аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муҳлати як моҳ ба вазифаи муайян дар ноҳия таъин мекунад. Аммо баъдан ягон амалро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Номбурда баъдан бо ҳамин роҳ аз Каримов Қ. 305 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки панҷ адад техникаи кишоварзиро аз ширкати Беларус ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Аммо ӯҳдадориашро иҷро накардааст. Аз маблағи мазкур 244 ҳазор сомонӣ баргардонида шуда, 111 ҳазор сомонӣ то ҳол барнагардонида шудааст.
Нисбати Маҳмадшарифзода Б., бо моддаи 247 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

06.10.2026 9:48
82