Дуздии чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аризаи шаҳрванд Сулмонов Отахон сокини ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи мазкур ворид гардид, ки 29-уми сентябри соли 2026, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии ӯ як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 250 сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Манучеҳри Нуриддин соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ содир намудааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.















