Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

4-уми октябри соли 2026, тахминан соати 09:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 60-16 DD 03, шаҳрванд Саторов Суҳроб Чориевич соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Тоҷирони ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Тус ба самти ҷамоати деҳоти Тоҷирон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғи 5-сола, сокини ҷамоати деҳоти Тоҷирон, деҳаи Зардолубоғро, ки бо дучарха аз тарафи чапи роҳ ба тарафи рост ҳаракат мекард, пахш намудааст.
Бар асари садама ноболиғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ин ҳодиса таҳқиқ ба роҳ монда шудааст.

05.10.2026 11:11
56