Ошкор гардидани ҷинояти авбошӣ
30-юми сентябри соли 2026 тахминан соати 20:30, дар назди бозори ноҳияи Ашт шаҳрванд Шерматов Беҳрӯз соли таваллудаш 1997 ва Бекмирзоев Шоҳрух соли таваллудаш 1992 сокинони ноҳияи мазкур бо Комилов Муродҷон соли таваллудаш 1987, сокини ҳамин ноҳия ҷангу муноқиша намудаанд. Дар натиҷа Бекмирзоев Шоҳрух бо мушт ба рӯйи Комилов Муродҷон як маротиба зарба задааст, ки ҷабрдида ба замин афтида, бар асари ҷароҳати бардоштааш дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Нисбати Шерматов Б. ва Бекмирзоев Ш. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.














