Таҳдиди куштан
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ноболиғ Д.А. сокини ноҳияи Б. Ғафуров, 19-уми сентябри соли 2026, тахминан соати 01:50 дақиқа, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштан, дар ҳудуди кӯчаи Ш. Қурбонови ноҳияи Б. Ғафуров, бо шаҳрванд Абдуҷалилов А., соли таваллудаш 2006 муноқиша намуда, ӯро бо корди хоҷагӣ таҳдид ба куштан намудааст.
Нисбати ноболиғ Д.А., парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.















