Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бар асари садамаи нақлиётӣ велосипедрон ба ҳалокат расид

27-уми сентябри соли 2026, тахминан соати 20:15, дар роҳи мошингарди деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», рақами қайди давлатиаш 01-10 ДД 03, шаҳрванд Каримзода Абубакр Назар, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Хуҷамӯъмини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Фархор ба самти ҷамоати деҳоти Хуҷамӯъмин бо суръати баланд ҳаракат карда, ҳангоми сабқат намудан ва баромадан ба самти муқобили ҳаракат, велосипедрон Шарипов Хуршед Тавакалович соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкурро пахш кардааст.
Дар натиҷа велосипедрон Шарипов Х.Т. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

29.09.2026 10:06
51