Қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Ҷабборзода Д. соли таваллудаш 1992, сокини кӯчаи Хуҷандии ноҳияи Сино бо гумони содир кардани ҷиноти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Шодмонбекова М. сокини ноҳияи Сино даромада, аз ӯ дар ду марҳила маблағи умумии 400 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки писари ӯ ва шаш нафар ҳамдеҳагонашро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мекунад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

















