Азонихудкунии чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон шаҳрванд Маҳмадов Қ., соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Ёвон, кӯчаи С. Шерозӣ муроҷиат намуд, ки моҳи майи соли 2026 шаҳрвандон Тилабзода Шавкат соли таваллудаш 1982 ва Қарақулов Комрон соли таваллудаш 2002, сокинони ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 273 сар буз ва гӯсфандро барои нигоҳубин қабул кардаанд ва аз ин шумора 39 сар чорворо азонихуд намудаанд. Дар натиҷа ба Маҳмадов Қ. ба маблағи 107 ҳазору 250 сомонӣ зарари калони моддӣ расонида шудааст.
Ҳамчунин, тибқи аризаи шаҳрванд Бобоалиев Д., сокини ноҳияи мазкур номбурдагон 309 сар бузу гусфанди ӯро низ барои нигоҳубин ба чарогоҳ бурда, аз ин шумора 44 сар чорворо азонихуд намудаанд ва ба Бобоалиев Д., 118 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.
Нисбати Қарақулов К. ва Тилабзода Ш. аз ҷониби прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.















