Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пиёдагард бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид

24-уми сентябри соли 2026, тахминан соати 20:30, дар роҳи мошингарди «Хуҷанд–Ёва», ҳудуди кӯчаи А. Насриддинов, ҷамоати деҳоти Ёва ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-240», Ҳасанов Аюбҷон Наимҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Ёва, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Негматова Зулайхо Абдураҳимовна, соли таваллудаш 1965, сокини ҳамин ҷамоатро пахш намудааст.
Дар натиҷаи садама Негматова З.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.

26.09.2026 10:07
55