Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихудкунии маблағ 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур дар кирдори шаҳрванд Худойназаров Ф.Т., соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Сино, ҷинояти азонихудкунии маблағи корхона ошкор карда шуд.
Номбурда аз моҳи январи соли 2020 то моҳи феврали соли 2026 дар ҶДММ «Антарес» дар самти таҳия ва рушди сомонаи интернетӣ ва барномаи махсус барои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш аз имкониятҳои барномаи техникии интернетӣ истифода намуда, чиптаҳои ҳавопайморо ба шаҳрвандон фурӯхтааст ва маблағҳои аз фурӯши чиптаҳо бадастомадаро ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.
Дар натиҷа ба ҶДММ «Антарес» ба маблағи 97 ҳазору 547 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

24.09.2026 10:23
160