Таҳдиди куштан
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Б. Ғафуров шаҳрванд Холмирзоев Шокирҷон соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Исмоил, деҳаи Заркон бо гумони содир кардани ҷинояти таҳдиди куштан дастгир карда шуд.
Номбурда 16-уми июли соли 2026, тахминан соати 07:00, дар манзили истиқоматиаш бо шаҳрванд Юлдошева О.А., соли таваллудаш 1995, сокини ҳамин суроға ҷангу муноқиша намуда, ӯро таҳдиди куштан кардааст.
Ҳамчунин, зимни муноқиша ба саломатии номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ низ расонида шудааст.
Нисбати Холмирзоев Ш., бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот ба роҳ монда шудааст.
















