Ошкор гардидани ҷинояти дӯздӣ
Шаҳрванд Низомов Ҷ., истиқоматкунандаи кӯчаи Н.Ганҷавии пойтахт ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза муроҷиат кард, ки санаи 07.09.2026 шахсони номаълум бо роҳи пинҳони 1-адад сечархаи электронӣ, арзишаш 14.000-сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Носиров Аҳмад Абдулбасирович соли таваллудаш 1986 истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ, ки пеш бо моддаҳои 375, 247 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир кардааст.
















