Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Кормандони ШВКД дар шаҳри Истаравшан дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздиро муайян ва ӯро дастгир намуданд.
Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Абдуев Самандар Уралович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Турсунзода, ки қаблан ду маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, боз дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Номбурда шаби 21-уми августи соли 2026, тахминан соати 02:00, ба якчанд мағозаҳои бозори марказии шаҳри Истаравшан ворид шуда, аз он ҷо 27 адад телефони мобилиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбар бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз га рдида, тафтишот идома дорад.















