Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина

Шаҳрванд Самандаров Назрулло сокини ноҳияи Данғара ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд, ки 15 сентябри соли 2026, тахминан соати 21:30, шахси номаълум автомашинаи тамғаи «BMW F10», рақами қайди давлатиаш 22-22 WH/10-ро, ки ба ӯ тааллуқ дорад ва дар кӯчаи А. Ҷомии пойтахт беназорат қарор дошт, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят ноболиғи 16-сола, сокини ноҳияи Фирдавсӣ дастгир гардид.
Оид ба ҳолати мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ ба роҳ монда шудааст.

17.09.2026 11:21
47