Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар дар кирдори шаҳрванд Ҷумаев Фирӯзҷон соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри мазкур ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ошкор карда шуд.
Номбурда аз соли 2023 то 3 сентябри соли 2026 дар ҶДММ «Афзалият груп» ба ҳайси боррасон фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш молу маҳсулоти ҷамъияти мазкурро давра ба давра дар асоси борхат ба маблағи умумии 742 ҳазору 371 сомонӣ қабул намуда, онҳоро ба манфиати шахсиаш истифода кардааст. Дар натиҷа ба ҶДММ «Афзалият груп» зарари ҷиддӣ расонида шудааст.
Нисбати Ҷумаев Ф., аз ҷониби прокуратураи шаҳри Бохтар бо қисми 2-и моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.














