Вохӯрии роҳбарони БММ “Интерпол”-и давлатҳои аъзои ИДМ
8–10 сентябри соли 2026 дар шаҳри Минск Ҷумҳурии Беларус вохӯрии роҳбарони Бюроҳои миллии марказии “Интерпол”-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳайати БММ “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори БММ Интерпол, подполковники милитсия Нуриддинзода Тоҷиддин иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти БММ “Интерпол” ва густариши мубодилаи иттилооти оперативӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории киберӣ, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромиллиро муҳокима намуданд.
Вохӯрии мазкур дар таҳкими ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории муштарак нақши муҳим гузошт.



















