Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди ҳайати намояндагии Хадамоти давлатии муҳофизаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Департаменти муҳофизаи Ҷумҳурии Беларус

Дар доираи XXIII Намоиш-озмуни кушоди ҷумҳуриявии маҳорати касбии кормандони хадамоти муҳофиза, ҳайати намояндагии Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали ин ниҳод генерал-майори милитсия Ватанзода Файзулло аз дастгоҳи Департаменти муҳофизаи Ҷумҳурии Беларус боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид ҳайати намояндагии Тоҷикистон бо фаъолияти сохторҳои Департаменти муҳофизаи Ҷумҳурии Беларус, тарзи ташкили хизмати фаврӣ-навбатдорӣ, низоми мониторинг ва истифодаи технологияҳои муосир дар самти таъмини амнияти иншооти муҳими давлатӣ ва дигар объектҳои муҳофизатшаванда шинос гардиданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, истифодаи имкониятҳои муосири техникӣ ва такмили фаъолияти хадамоти муҳофизатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, барои меҳмонон воситаҳои техникии махсус, таҷҳизот ва дастовардҳои Департаменти муҳофиза ба намоиш гузошта шуданд. Намояндагони Хадамоти давлатии муҳофизаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти маркази муосири амнияти пойтахти Ҷумҳурии Беларус низ шинос гардиданд.

11.09.2026 18:38
71