Дуздӣ аз мағозаи хӯрокворӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Бӯстон шаҳрванд Уматов Абдуғанӣ, соли таваллудаш 1988 сокини шаҳри Хуҷанд, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷӣнояти дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда 23 августи соли 2026, тахминан соати 19:30, бо роҳи пинҳонӣ аз хазинаи мағозаи хӯроквории «Улмира», воқеъ дар ҳудуди шаҳри Бустон 21 000 сомонӣ маблағи пулро дуздидааст.
Нисбати Уматов А., бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
















