Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҷониби ноболиғ 

7-уми сентябри соли 2026, тахминан соати 19:40-дақиқа ноболиғ А.Ф., соли таваллудаш 2011, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Азизбек, ҳангоми қарор доштан дар назди даромадгоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии «Чорбоғ»-и шаҳри мазкур бо ноболиғ М.Д., соли таваллудаш 2012, сокини ҳамин шаҳр аз ҳиссиёти авбошӣ муноқиша намуда, бо корди бо худ доштааш як маротиба ба қисми қафаси синаи ноболиғ М.Д., зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати ноболиғи гумонбар бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

10.09.2026 11:35
81