Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ дар Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ

9-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси Вазорати амнияти ҷамъиятии ин кишвар форуми умумиҷаҳонӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ» баргузор гардид.  
Дар кори он роҳбарони вазоратҳои марбутаи Покистон, Малайзия, Шри-Ланка, Никарагуа, Кения, Муовини Прокурори генералии Федератсияи Русия, Котиби генералии Интерпол ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол дар ин форум намояндагӣ намуд.
Зимни суханронӣ Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои муштараки байналмилалӣ дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Дар идомаи форум иштирокчиён масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, пешгирии терроризм ва экстремизм, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодагии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор доданд.

09.09.2026 19:50
85