Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

6 сентябри соли 2026, тахминан соати 19:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Велтмастер EXS», рақами қайди давлатиаш 77-71 МН/10, шаҳрванд Маҳмадуллоев Ҳабибулло Шарифхоҷаевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Шайнаки-Чинор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Ҷобирзода Алӣ Сайфуллои 3-сола, сокини ҳамин ҷамоати деҳотро пахш намудааст.
Дар натиҷаи садама хурдсол Ҷобирзода Алӣ Сайфулло ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур таҳқиқ идома дошта, сабабу ҳолатҳо муайян карда мешавад.

08.09.2026 10:30
58