Дуздии скутер
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи шаҳрванд Расулов С., сокини кӯчаи Ҷалолиддини Румии шаҳри Бохтар ворид гардид, ки 28 августи соли 2026 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои хонаи истиқоматиаш як адад скутерро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Аҳмадов Анвар соли таваллудаш 2003, сокини кӯчаи Наврӯзи шаҳри Бохтар, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.














