Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Шаҳрванд Баҳронов Шаҳбоз соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор санаи 6 сентябри соли 2026, тахминан соати 20:20, бе ягон асос бо Хоҷаев Аҳмадшоҳ соли таваллудаш 2002, сокини деҳаи Равшандилони шаҳри мазкур муноқиша намуда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, ду маротиба ба шиками Хоҷаев Аҳмадшоҳ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи шаҳри Ҳисор бистарӣ гардидааст.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар шаҳри Ҳисор Баҳронов Шаҳбозро боздошт намуданд ва оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.















