Садамаи нақлиётии марговар
6 сентябри соли 2026, тахминан соати 01:00, дар роҳи ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ронандаи мототсикли дучарха Самадзода Муҳаммадҷон Раҳимхуҷа, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, бо мусофираш Абдуллоев Қудратулло Нусратуллоевич, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Бар асари садама ронандаи мототсикл Самадзода М.Р. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯйи ҳолати мазкур таҳқиқ идома дорад.


















