Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошӣ

Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ноболиғ А.А., соли таваллудаш 2009, истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Боздоштгардида 4 сентябри соли 2026, тахминан соати 12:00, дар кӯчаи Испечак бо ноболиғ А.С., соли таваллудаш 2010 муноқиша карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба рони пои чапи А.С. зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур чораҳои тафтишотӣ идома дошта, ба кирдори ноболиғ тибқи талаботи қонунгузорӣ баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.

07.09.2026 11:03
55