Таҳдиди куштан
Дар ШВКД дар ноҳияи Зафаробод вобаста ба ҷинояти таҳдиди куштан парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Нурмуродзода Захриддин соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Зафаробод дастгир гардид.
Номбурда 19 августи соли 2026, тахминан соати 13:30, дар ҳолати мастӣ ба ошхонаи «Ҳайид», воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод, ворид шуда, бо пешхизмати ошхона Юсупова С.Р., соли таваллудаш 1989, муноқиша намуда, бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ӯро чанд маротиба бо мушт зада, гулӯяшро буғӣ карда ва бо корди хоҷагӣ таҳдиди куштан намудааст.
Нисбати Нурмуродзода З., бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
















