Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Технологияи рақамӣ ва низоми муосири назорату идоракунии ҳаракати нақлиёт дар пойтахт

3 сентябри соли 2026 тибқи дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол аз Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздид намуда, бо фаъолияти кормандони Маркази шаҳри бехатари РВКД дар шаҳри Душанбе шинос шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» Самадзод Саъдӣ масъалаҳои пешгирии тамбашавии ҳаракати нақлиёт дар ҳудуди пойтахт, такмили низоми идоракунии ҳаракат ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ ва низоми муосири назорату идоракунии ҳаракати нақлиёт метавонад дар беҳтар намудани вазъи роҳу нақлиёт, пешгирии ҳолатҳои тамбашавӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе нақши муҳим дошта бошад.
Дар идомаи вохӯрӣ директори корхона лоиҳаи нави харитаи электронии шаҳри Душанбе ва як қатор барномаҳои нави рақамиро муаррифӣ намуд. Муаррифии лоиҳаҳо ба имкониятҳои истифодаи технологияҳои муосир барои таҳлили вазъи ҳаракати нақлиёт, муайян намудани нуқтаҳои серодам ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии инфрасохтори шаҳрӣ равона гардид.
Дар фароҷом ҷиҳати истифодаи васеи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар самти таъмини ҳаракати бехатару муназзами нақлиёт ва пешгирии тамбашавӣ дар ҳудуди пойтахт таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

03.09.2026 14:32
175