Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётӣ боиси марги пиёдагард гардид

2 сентябри соли 2026, тахминан соати 02:00 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шакман», рақами қайди давлатиаш 193 АВ/10 Раҳмонов Маҳмадраҷаб Асомидинович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара пиёдагард Ашуров Маҳмадсаид Саидқулович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати шаҳраки Данғара, кӯчаи К. Қурбоновро пахш намудааст.
Дар натиҷаи садама пиёдагард Ашуров М.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур таҳқиқ идома дорад.

03.09.2026 10:00
68