Дуздӣ аз дохили автомашина
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Ғаффоров Ф.А., соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри мазкур, муроҷиат намуд, ки 6 августи соли 2026, тахминан соати 22:50, аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Hyundai Starex», ки дар кӯчаи Хуросони шаҳри Ваҳдат беназорат меистод, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ 6 ҳазору 700 сомониро тасарруф намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур муайян ва дастгир карда шуд. Ин нафар Саидхоҷаев Пайрав соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Тоҷикобод мебошад.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома доранд.














