Дарси хизматӣ дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД
28 августи соли 2026 дар толори маҷлисии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои талаботи қарори ҷаласаи Мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси хизматӣ вобаста ба омӯзиши Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таҳрири нав қабул гардидааст, ҳамзамон таҳлилӣ вазъи интизоми хизматӣ ва қонуният аз ҷониби кормандони раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии вазорат бо кормандони раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ доир гардид.
Қайд карда шуд, ки яке аз санадҳои муҳими танзимкунандаи фаъолияти хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Низомномаи мазкур мебошад. Маҳз ҳамин санад тартиби қабул ба хизмат, адои хизмат, ҳуқуқу уҳдадориҳо, масъулият, интизоми хизматӣ, тартиби додани рутбаҳои махсус, ҳавасмандгардонӣ, ҷавобгарии интизомии кормандон, кафолатҳои иҷтимоиро муайян менамояд.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки Низомномаи мазкур вазъи ҳуқуқии кормандони ин мақомотро муайян мекунад ва корманди мақомоти корҳои дохилӣ шахсе ба ҳисоб меравад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ танҳо ишғоли як мансаб нест. Ин масъулияти бузург дар назди давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд мебошад. Аз ҳамин сабаб, номзадҳо аз санҷишҳои махсус, тиббӣ, равонӣ ва касбӣ гузашта, баъди тасдиқи мувофиқат ба хизмат қабул мегарданд.
Низомнома барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як қатор ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои иҷтимоиро низ пешбинӣ намудааст, ки корманд вазифаи худро бо масъулияти баланд ва бе монеа иҷро намояд. Дар баробари ҳуқуқ, ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор аст Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эҳтиром кунад, бо шаҳрвандон хушмуомила, одилона ва беғаразона муносибат намояд, интизоми хизматиро қатъиян риоя кунад, сирри давлатӣ ва маълумоти хизматиро ҳифз намояд, обрӯ ва нуфузи мақомоти корҳои дохилиро ҳимоя намояд.
Дар охир аз ҷониби иштирокчиён ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод гардид ва ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

















