Дуздии телефон ва молу маҳсулот
Шаҳрванд Набиев Ҳ., соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба ШВКД дар хати Фурудгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат кард, ки 18 августи соли 2026 шахси номаълум дар назди даромадгоҳи Терминали-1-и ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо роҳи пинҳонӣ телефони мобилии тамғаи «Samsung A56»-и ӯро, ки арзишаш 4 ҳазор сомонӣ мебошад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Имомов Раҳмоналӣ соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдор, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Рафти тафтишот муайян намуд, ки гумонбар боз дар 5 ҳолати дигари содир кардани ҷинояти дуздӣ даст дорад.
Ҳамчунин, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Фозилзода Талабшо соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод ва як нафар ноболиғ бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир гардиданд.
Муайян гардид, ки боздоштгардидагон аз 27 июл то 4 августи соли 2026 чор маротиба бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи «Истиқлол», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод, ки ба шаҳрванд Хоҷаев Маҳмадяқуб сокини ноҳияи Нуробод тааллуқ дорад, даромада, 5 ҳазору 350 сомонӣ маблағ, инчунин сару либос, пойафзол, маҳсулоти хӯрока ва атриётро дуздидаанд. Зарари расонидашуда дар маҷмуъ 9 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳолатҳо тафтишот ба роҳ монда шудааст.














