Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи шаҳрванд Каримова Ш. Н., соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ворид гардид, ки 25 августи соли 2026, тахминан соати 22:20, дар дохили боғи «Шар-Шара», воқеъ дар хиёбони Ҳ. Шерозии пойтахт шахсони номаълум ӯро латукӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ ҷузвдонашро тасарруф кардаанд. Дар дохили ҷузвдон 2 ҳазор сомонӣ, як адад шиносномаи миллӣ ва корти бонкӣ қарор доштааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрвандон Султонов Муҳаммадҷон соли таваллудаш 2005 ва Юлчиев Азизбек соли таваллудаш 2007, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов гумонбар мебошанд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

28.08.2026 9:36
33