Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили фоҳишахона

Дар шаҳри Бохтар ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри мазкур муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҳ.Ф., соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара, ки дар меҳмонхонаи «Дидори Бохтар» ба ҳайси маъмур (администратор) кору фаъолият мекунад, ҳангоми дар басти навбатдорӣ қарор доштанаш, бар хилофи талаботи низомномаи кории меҳмонхона, мунтазам барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба занони сабукпой ва мардон шароит фароҳам оварда, аз онҳо аз 150 то 200 сомонӣ ҳаққи хизмат мегирифтааст.
Нисбати гумонбар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

27.08.2026 9:34
67