Дуздӣ
Шаби 21 августи соли 2026, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи фурӯши машруботи спиртӣ, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Гогли ноҳияи Вахш ворид гардида, аз он ҷо 8 000 сомонӣ маблағи пулӣ ва дигар ашёҳоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шахсияти гумонбар муайян ва дастгир карда шуд. Маълум гардид, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур Ҳайталиев Расулбек, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Н.Хусрав даст доштааст.
Номбурда қаблан низ бо моддаҳои 244 ва 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Аз рӯи ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

















