Садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат
24 августи соли 2026, тахминан соати 19:50, ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Camry», рақами қайди давлатии 87-66 DP 01, Раҳмонзода Фаридун Алиҷон, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи А.Дониш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Убайдова Мунавара соли таваллудаш 1968, Олимова Шарифамоҳ соли таваллудаш 2004, сокинони шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Баҳор, ва Убайдова Гулшода соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Гулистон, ки аз тарафи рости роҳ ба тарафи чап ҳаракат доштаанд, пахш намудааст.
Бар асари бархӯрд Убайдова Мунавара дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашина ва ду нафар пиёдагарди дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Вобаста ба ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.














