Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ 

Шаҳрванд Қарахонова О.Т., соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Чуянгарон ба мақомоти милитсия муроҷиат намуд, ки 26 июли соли 2026, тахминан соати 03:20 дақиқа, ҳангоми дар шоҳроҳи Роғун–Файзобод, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдонаш як адад гӯшвораи тиллоӣ, як адад телефони мобилии тамғаи «iPhone 13» ва 400 доллари ИМА-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд ва ба ӯ ба маблағи умумии 8 ҳазору 850 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони РКҶ ВКД шахсони дар содир намудани ҷинояти мазкур гумонбар Ҳабилов Аъзам соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Норов Ҷамшед соли таваллудаш 2000, Бегаҳмадов Фаридун соли таваллудаш 1989 сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Сайфуддинов Некқадам соли таваллудаш 1998 сокини ноҳияи Файзобод муайян ва дастгир карда шуданд. 
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома доранд.

26.08.2026 10:44
30