Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётӣ дар роҳи «Ашт–Хуҷанд»

24 августи соли 2026, тахминан соати 05:55, дар роҳи мошингарди «Ашт–Хуҷанд», дар ҳудуди деҳаи Бахмалии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», рақами қайди давлатиаш 50-20 CG/02, Деҳқонов Шерозҷон Салимович соли таваллудаш 1976, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106» бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама мусофири автомашинаи «ВАЗ-2106» Ҳасанбой Мамадов, соли таваллудаш 1989, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи «ВАЗ-2106» Темур Самандаров, соли таваллудаш 1997 ва мусофирони дигари он ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.

25.08.2026 9:54
65