Ҷинояти ғоратгарӣ ошкор гардид
Шаҳрванд Сулаймонов Киромиддин, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Айнӣ ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд, ки 21 августи соли 2026, тахминан соати 01:00, ду нафар мард дар назди маркази дилхушии «Шоми Душанбе», воқеъ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд, аз ҳолати мастии ӯ истифода карда, ӯро лату кӯб намудаанд ва бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш як миқдор маблағро гирифтаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд гумонбарони ҷиноят шаҳрвандон Лутфуллоев Фирдавс соли таваллудаш 2000 сокини шаҳри Хуҷанд, ки ба ҳайси посбон дар маркази дилхушӣ фаъолият мекунад ва Мавлавиев Мунаввар, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Варзоб, муайян ва дастгир карда шуданд.
Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
















