Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

21-августи соли 2026 тахминан соати 02:00-дақиқа ронандаи  автомашинаи тамғаи "Хундай-Саната", рақами қайди давлатиаш 55-55 ҒК 07, Ҷураев Маҳмадзариф Аҳлиддинович соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ. Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар километри 108-уми шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён, аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷамоати деҳотӣ Навобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Утаганов Нуралӣ Чориевич соли таваллудаш 1986 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳотӣ Навободро пахш намудааст.
Дар натиҷа шаҳрванд, Утаганов Н.Ч., ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ  бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

22.08.2026 9:53
57