Боздошти се ҷавон бо гумони содир намудани қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар ҷавон бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Инҳо, шаҳрвандон Ҳайдаров Дишодҷон соли таваллудаш 2007, Исроилзода Муҳаммадамин соли таваллудаш 2007 ва Олимов Олим соли таваллудаш 2007, сокинони шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон мебошанд.
Номбурдагон аз 1 январи соли 2026 то 10 августи соли 2026 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада, ҳангоми харидории маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва дигар молҳо аз нуқтаҳои савдои шаҳрвандон Уматов Қ. ва Мираҳматов А., маблағи харидро тариқи расидҳои электронии сохташуда пардохт намуда, бо роҳи фиреб молҳоро тасарруф кардаанд.
Дар натиҷа ба шаҳрвандон Уматов Қ.А. ва Мираҳматов А.А. ба маблағи умумии 33 ҳазору 831 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Нисбати номбурдагон бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.















